Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳолати маъмулии кории худ баргаштанд.

Ҳарчанд дирӯз дар пайи сару садоҳои дар бораи гирдиҳамоии эътирозӣ чораҳои амниятӣ дар саросари пойтахт ва манотиқи дигар пурзӯр шуда буданд, аммо масъулини Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯянд, рӯзи 10 уми октябр дар пойтахт ягон ҷинояти ҷиддӣ ё ҳодисаи ғайриқонунӣ сабт нашудааст.

Каромат Раҷабов, раҳбари шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати шаҳрии корҳои дохила дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди даъватҳо ба гирдиҳамоӣ, дирӯз шаҳр ором буд. Ҷаноби Раҷабов мегӯяд, дар пайи ин овозаҳо бо фармони вазири корҳои дохила, шеваи кории онҳо ҳам каме тағйир ёфта, ҷиҳати ҳифзи тартибот дар шаҳр аз чораҳоии сахти амнияти кор мегирифтанд, аммо имрӯз ба қавли ӯ мақомоти интизомӣ ҳама ба реҷаи маъмулии кории худ баргаштанд. “Имрӯз шаҳр мисли дирӯз тинҷу ором аст, мардум аз пайи кору бори худ. Кӯчаҳо тинҷ, бозорҳо ҳама кор мекунанд. Ягон гапу хабар ҳам нест. Нарядҳо ҳама ҷо ба ҷо, ҳама корҳои маъмулии худро карда истодаем ”

Тайи чанд рӯзи ахир сарусадоҳо атрофи даъватҳо ба намоиши эътирозӣ дар Душанбе ва тақвияти тадобири амниятӣ аз тарафи мақомот бисёре аз сокинони пойтахти Тоҷикистонро дар лобалои ташвишу нигаронӣ андохта буд. Ин даъватҳои интернетӣ, сабаби баста шудани ҳудуди 300 торнамо, чораҳои сахти амниятӣ ва намудор шудани маъмурони мусаллаҳ ва дар шаҳр гардид. Аз шоми ҳаштуми октябр дар посгоҳҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон нирӯҳои мусаллаҳи ОМОН ва зиреҳпӯшҳо мустақар шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар паcманзари даъватҳо ба гирдиҳамоӣ "хотиррасон" кард, ки дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе видеокамераҳои назоратӣ насб карда шуда, бар иловаи шумораи зиёди кормандони милиса барои хизмат дар кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳаллаҳои пойтахт, тамоми шаҳр, зери назорати дастгоҳҳои мушоҳидавии наворбардорӣ ҳастанд. Донишҷӯёну мактаббачаҳо ҳушдор гирифтанд, ки дар ин рӯз бидуни иҷоза ҷое нараванд ва то соати 4-и зуҳр ҳатман бояд дар муассисаи таълимии худ бимонанд.

Аммо ин гирдиҳамоие, ки эътилофи нирӯҳои мухолифин "Тоҷикистони нав" ва ниҳоди асосии он “Гурӯҳи 24” дар соати 3-и баъд аз зӯҳри 10 октябр дар майдони “Дӯстӣ” дар маркази шаҳри Душанбе ваъда карда буданд, баргузор нашуд. Рӯзи 10 уми октябр ба сурати умум ором буд. Ва тавре ҳам хабарнигорони Озодӣ аз майдони "Дӯстӣ" гузориш доданд, ба ҷуз аз ҳузури шумори чашмгири нерӯҳои амниятӣ, дигар шаҳр аз рӯзҳои қаблӣ фарқе надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG