Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирон дар бораи таркишҳои Туркия: Метарсем, вале бояд кор кунем (ВИДЕО)


Дӯкони матоъфурӯшии "Корвон" маҳсулоти туркиро пешниҳод мекунад

Дӯкони матоъфурӯшии "Корвон" маҳсулоти туркиро пешниҳод мекунад

Бо вуҷуди ҳамлаҳои террористии шаби 28 июн ба фурудгоҳи Отатурки Истамбул ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” барномаи парвозҳояшро дигар накард ва парвозҳо дар масири Душанбе-Истамбул ба таври маъмулӣ ва аз рӯи ҷадвали амалкунанда ҷараён мегирад. Мусофирони аслии “Turkish Airlines” дар Тоҷикистон тоҷироне ҳастанд, ки бо ҳадафи овардани мол ба Истанбул мераванд ва ё хориҷиҳое мебошанд, ки парвоз дар масири Душанбе-Истанбулро бехатару муносиб арзёбӣ мекунанд. Ҳуҷумҳои террористии Истамбул соҳибкорони тоҷикро, ки тиҷорати худро бар асоси ҳамкорӣ бо тоҷирони турк бунёд гузоштаанд, бисёр нигарон кардааст.

Ин тоҷирон мегӯянд, ки нооромиҳои як соли ахир дар Туркия ба тиҷорати онҳо бетаъсир намондааст. Гулрафтор Ҷобирова, як тоҷири бозори “Корвон”, ки 15 соли охир аз Туркия мол меорад, рӯзи 29 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳолатҳои зиёде шудааст, ки бо таъсири ҳодисаҳои

Гулрафтор Ҷобирова

Гулрафтор Ҷобирова

монанди таркишҳои шаби сешанбе, молу колои харидааш аз мавсим дер ба Тоҷикистон ворид шуда ба тиҷораташ зарари молӣ овардааст. “Боре, ки мо аз Туркия меорем, нархаш аз моли кишварҳои дигар фарқ мекунад. Вақте бор дер мерасад, нархаш албатта паст мефарояд, маълум, ки зарар мерасад”.

Хонум Ҷобирова гуфт, агар солҳои қабл ҳар моҳ барои овардани бор ба Туркия мерафт, ҳоло ба далели амниятӣ бештар тавассути Интернет ё “Вайбер” барои худ молу коло фармоиш медиҳад. “Тоҷироне ҳастанд, ки дар як моҳ як бор мераванд, вале бисёриҳо дар моҳҳои ахир тавассути “Вайбер” фармоиш медиҳанд. Албатта, ҷон ширин аст, одам метарсад. Агар солҳои пеш мо то шаб дар мағозаҳо гаштугузор мекардем, моҳҳои охир то соати даҳи рӯз молро харидро тамом мекунем”, - гуфт Гулрафтор.

Ҳоло бисёр соҳибкорони тоҷик сафарҳои кориро ба Туркия коҳиш дода, моли дилхоҳро ба шакли умда аз Интернет харидорӣ мекунанд. Нигина ҳам тоҷир аст ва дар бузургтарин бозори Тоҷикистон - бозори “Корвон” тиҷорат мекунад. Ӯ аз Туркия асосан куртаҳои занона ва пойафзол ворид мекунад. Нигина мегӯяд, ки шарикони тиҷоратии онҳо дар Туркия ба ин шеваи нави тоҷирони тоҷик одат кардаанд. Нигина мегӯяд, моле, ки тавассути Интернет супориш медиҳанд, бидуни осеб то анбори бозори “Корвон” мерасад. Аммо баъзе соҳибкорони суннатӣ, ки тиҷоратҳои бузург ва силсиламағозаҳо доранд, молҳои серхаридорро худашон дар Туркия интихоб мекунанд.

Молҳои истеҳсоли Туркия ва Дубай аз маводи босифат ва серхаридори бозорҳои маҳаллии Тоҷикистон эътироф шудаанд. Солҳои ахир бинобар беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум таваҷҷӯҳ ба молҳои босифат низ бештар шудааст. Як зани тоҷир, ки худро Наргис муаррифӣ кард, як моҳ пеш аз Туркия баргаштааст. Ӯ мегӯяд, ки шоҳиди ду ҳодисаи таркиш дар Туркия буд. Аммо боз ҳам намехоҳад аз сафар ва молҳои туркӣ даст кашад.

“Фарқи либосҳои туркӣ нисбат ба Тоҷикистон аз замин то осмон аст. Барои ҳамин шиму костюмҳое, ки ман аз Туркия ворид мекунам, дар ин ҷо пайдо карда намешавад. Таркиш мешавад ё ҳодисаи дигар, мо бояд корамонро идома диҳем, зеро ин як луқма нони даҳони мо аст”, - мегӯяд Наргис.

Дар натиҷаи ҳамлаи интиҳории шаби сешанбе дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 41 нафар кушта ва беш аз 230 тани дигар захмӣ шуданд. Фурудгоҳи Отатурк дар Истанбул яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои байналмилалии дунё ба ҳисоб меравад ва соли 2015 бештар аз 61 миллион нафар аз тариқи он сафар кардаанд.

Ҳоло ин фурудгоҳ баъд аз фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон ва Чарлз де Голл дар Париж аз сермусофиртарин фурудгоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин шашумин ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳрҳои гуногуни Туркия аст, ки садҳо нафарро қурбон кардааст. Туркия барои Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими тиҷоратӣ унвон мешавад. Табодули молу коло байни ду кишвар ним миллиард долларро ташкил медиҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG