Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳои Истанбулро маҳкум кард


Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаҳои интиҳорӣ дар фурудгоҳи Отатурки Истанбулро шадидан маҳкум кардааст. Ӯ рӯзи 29 июн бо ирсоли номаи ҳамдардӣ ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, гуфтааст, “бо нигаронии шадид зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср боз ҳам таъкид менамоем.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро “амали ғайриинсонии ифротиён” унвон карда ва гуфтааст, “ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат”, қатъиян маҳкум мекунад. Дар охири паёмаш Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи қурбониёни ин ҳамлаҳо изҳори таслият гуфта ва ба маҷруҳон шифои комил хостааст.

XS
SM
MD
LG