Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар Чин даъвои як соҳибкори тоҷик алайҳӣ ширкати чиниеро қонеъ карда, он ширкатро маҷбур ба пардохти зиёни расонида кардааст. Бар пояи қарори додгоҳ, ширкати “Qingdao Andexin Trading» бояд ба ин соҳибкори тоҷик 50 ҳазор доллар пардохт намояд.

Бо вуҷуди ба манфиати Маҳмадрасул Насимов ҳал шудани қазия додгоҳӣ дар Чин, ширкати “Qingdao Andexin Trading» 50 ҳазор маблағи ин соҳибкори тоҷикро напардохтааст. Додгоҳи шаҳри Чиндао дар Чин чанде қабл даъвои ин соҳибкори тоҷикро алайҳи ин ширкатро қонеъ кард ва онро ба пардохти зиёни расонида муваззаф сохт. Аммо ин ширкат бо вуҷуде, ки ҳалномаи додгоҳи шаҳри Чиндаои Чинро дастрас кардааст, то кунун маблағи ин соҳибкори тоҷик, ки ҳудуди 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.

Маҳмадрасул Насимов, соҳибкори тоҷик мегӯяд, соли гузашта бо ширкати чинии “Qingdao Andexin Trading» барои воридоти коғази андозаи А4 шартнома бастанд ва бар асоси шартнома, ин ширкат ӯҳдадор шуда буд, ки то 31-уми майи соли 2014 коғазҳоро ба Тоҷикистон ворид мекунад. Аммо бо гузашти моҳҳо бо баҳонаи рух додани садама ва нобуд шудани коғазҳо дар роҳ, ин ширкат молро вориди Тоҷикистон намекунад ва маблағи ин соҳибкорро низ барнамегардонад.

Насимов мегӯяд, маҷбур шуд, бо сарфи маблағи зиёд адвокату тарҷумон бигирад ва барои баргардонидани маблағаш ба додгоҳи Чин муроҷиат кунад. Ӯ гуфт: “Дар баҳси додгоҳӣ маълум шуд, ки ин ширкат дурӯғ мегӯяд ва ҳеҷ садамае рух надода будааст. Мо шартномаҳои худро ба додгоҳ пешниҳод кардем ва додгоҳ моро ҳақ бароварда, ширкатро ба пардохти маблағ ва зараре, ки дар ин муддат ба мо расонида буд, водор кард. Аммо ин ширкат дар пардохти маблағ таъхир мекунад. Мо дар Чин чанд ҳафта мондем ва барои тарҷумону адвокат маблағи зиёд сарф кардем.”

Ин соҳибкор мегӯяд, тоза тиҷоратро оғоз карда буд ва ҳеч интизор надошт, ки чиниҳо дар тиҷорат фиреб мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, то кунун миёни соҳибкорон ақидае вуҷуд дорад, ки чиниҳо дар тиҷорат фиреб намекунанд, аммо Насимов мегӯяд, дар ҳоле, ки ӯ тамоми санадҳоро рӯи даст дошт, ба ӯ чунин муносибат шудааст, аз соҳибкорони дигар, ки бештар бо шартномаҳои шифоҳӣ кор мекунанд, даъват мекунад, то дар ин замина эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳалномаи додгоҳ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин соҳибкори тоҷик ҳақ шинохта шуда, ширкати чинӣ муваззаф шудааст, то зарари расонида ба ӯро пардохт кунад. Дар ин ҳалномаи додгоҳи шаҳри Чиндао омадааст, ки давоми як моҳ бояд зарар ҷуброн шавад, аммо аз санаи пешниҳод шуда се моҳ гузаштааст ва ин ширкат ҳеҷ тасмиме нагирифтааст. Масъулони ширкати “Qingdao Andexin Trading» дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ вуҷуди чунин баҳс бо соҳибкори тоҷикро тасдиқ карданд ва изҳор доштанд, ки то ҳанӯз ҳалномаи додгоҳро омӯхта, баъдан тасмим хоҳанд гирифт.

Қазияи ин соҳибкори тоҷикро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Чин низ пайгирӣ кардааст. Абдулфайз Атоӣ -- сардори департементи иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси аризаи ин соҳибкор аз рӯзи аввал баҳсҳои додгоҳӣ назорат мешуд. Ӯ мегӯяд, аз ин ки ширкат намехоҳад зиёни расонида ба ин соҳибкорро ҷуброн кунад, огоҳанд ва дар робита ба ин ба ниҳодҳои марбутаи Чин мактуби расмӣ равон кардаанд.

Оқои Атоӣ афзуд: “Мо ин баҳсро аз рӯзи аввал пайгирӣ доштем. Ҳуҷҷатҳое, ки мо дорем, ин соҳибкор ҳақ аст ва нусхаи ҳалномаи додгоҳ барои пардохти ҷуброн низ дасти мо ҳаст. Аз оне, ки чаро ин ҳалнома иҷро намешавад, ба мақомоти Чин мактуби расмӣ равон кардаем. Интизори посухи онҳо ҳастем. Мо аз ҳақи қонунии шаҳрванди худ то охир дифоъ мекунем.”

Соҳибкорони тоҷике, ки аз ин баҳс огаҳӣ доранд, дар муносибат бо ҳамтоёни чинии худ эҳтиёткор шудаанд. Фирдавс Самадов, соҳибкоре, ки аз Чин ба Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ ворид мекунад, мегӯяд, ҳарчанд, ӯ то кунун фиреб нахӯрда бошад ҳам, аммо бо шунидани ин хабар дар ҳамкорӣ бо чиниҳо эҳтиёткор шудааст. Ӯ мегӯяд, то кунун маблағ барои таҷҳизотро барои соҳибкорони Чин месупурд ва онҳоро аз Тоҷикистон дастрас мекард, вале ҳоло ӯ ҳамроҳ бо мошинҳои боркаши ҳомили таҷҳизот вориди кишвар мешавад.

“Ҳоло то таҷҳизотро нагирам ва дар мошинҳо бор накунам, пулро пардохт намекунам. Худи ман фиреб нахӯрдаам, аммо бисёр аз бачаҳои мо бо шартномаҳои шифоҳӣ зарар дидаанд. Ба ҳеҷ кас дар тиҷорат бояд бовар накунӣ ва тариқи нася кор накунӣ. Бисёр бачаҳои мо пули борро месупоранд ва худашон омада, интизор мешаванд, ки кай чиниҳо онро врид мекунанд. Дар роҳ ҳазор гапу хабар аст, барои ҳамин хубтар аст ё худ ва ё ягон нафари боэътимодро ҳамроҳи бор равон кунӣ.”

Ҷумҳурии мардумии Чин шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон шумурда мешавад, ки солона то 2 милиард доллар миёни ин ду кишвар табодули молу коло сурат мегирад. Бо дарназардошти қимати поин доштани молу маҳсулот дар Чин, аксари соҳибкорони тоҷик аз ин кишвар маҳсулот ворид мекунанд. Аммо бори аввал аст, ки як соҳибкори тоҷик аз фиреби шарикони тиҷории худ дар Чин хабар медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG