Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо таъхири маош арӯсии писар ҳам ба таъхир афтод"


Иҷрои қарори боло бурдани маоши кормандони сохторҳои буҷавӣ, ки ҳар сол дар моҳи сентябр сурат мегирад, то ду моҳи дигар ба таъхир афтод.

Иҷрои ваъдаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар дар заминаи боло бурдани маоши кормандони сохторҳои буҷавӣ, ки мебоист дар моҳи сентябр сурат гирад, то ду моҳи дигар ба таъхир андохта шуд.

Дар Сарраёсати буҷети давлатии вазорати молия рӯзи 26 август дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки афзоиши маоши кормандони буҷавӣ – омӯзгорону табибон, нафақахӯрон ва стипендияи донишҷӯёнро то моҳи ноябри соли ҷорӣ интизор набояд шуд. Ин тасмим ҳамакнун гирифта шудааст ва масъулони Вазорати молия мегӯянд, ки таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди кившар онҳоро ба бозбинии барномаи афзоиши маош водор кард.

Дар вазоратии молияи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки агар ҳам маошҳо дар моҳи ноябр афзоиш ёбанд, мизони афзоиши онҳо дар қиёс бо ваъдаи раиси ҷумҳур 5 дар сад кам хоҳад буд. Яъне маоши кормандони давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз моҳи ноябр на 15 дарсад, балки 10 дарсад ва музди меҳнати духтурону муаллимон на 20 дарсад, балки 15 дарсад боло бурда меравад. Моҳи январи соли равон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумон қавл дод, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони буҷавиро афзоиш медиҳад.

Президент гуфта буд, ки барои амалӣ шудани ин барнома аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ ҷудо мешавад. Аммо ҳоло мақомот эътироф мекунанд, ки барои таъмини ин маблағҳо буҷаи давлатӣ имкон надорад ва иҷрои ин қарор то ду моҳи дигар ба таъхир меафтад.

Ин далел, ки афзоиши маошҳо то ду моҳ ба таъхир афтодааст, ва дар маҷмӯъ бад шудани вазъи иқтисодӣ бисёре аз кормандонеро, ки аз буҷаи давлат маош мегиранд, маъюс кардааст. Хусусан духтурону муаллимонро, ки музди меҳнати чандон баланд надоранд ва беш аз ҳама интизори боло рафтани ҳаққи заҳматашон буданд.

Мутриба Холова, як муаллимаи мактаби миёна дар ноҳияи Исфара мегӯяд, то охир боумед интизор буд, ки маошаш боло меравад ва ӯ ниҳоят имсол фарзанди нахустинашро оиладор мекунад. “Мо ҳар вақт паёми муҳтарам президентро интизор мешавем, ки дар бораи маоши мо чӣ мегӯянд. Имсол паёмро дар моҳи январ шунида бисёр хурсанд шудем, ки маоши мо аз сентябр зиёд мешавад. Ман бисёр орзу доштам, ки фасли сармо нарасида писари якумамро оиладор кунам. Аммо ин боло рафтани маошҳо боз ҳам ба ақиб партофта шуду ин нияти мо ҳам соли дигар шояд мемонад”, – гуфт ин муаллима.

Холова мегӯяд, ки маоши омӯзгорӣ сеяки хароҷоти оилаашро ҳам пӯшонида наметавонад. Дар оилаи ӯ ба ҷуз худаш ва шавҳару писараш кор мекунанд, аммо “дар хариди хӯрок ҳам сахт сарфа мекунем” мегӯяд ӯ.

Ба таъхир афтодани иҷрои ваъдаи раисҷумҳур ҷиҳати боло бурдани маоши кормандони буҷавӣ дар ҳолест, ки ахиран вазорати молияи Тоҷикистон аз тамоми муассисаву идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ даъват кард, дар шароити буҳронӣ пулҳои буҷаро сарфакорона истифода кунанд аз хароҷоти дуввумдараҷа даст кашанд.

Бӯҳрон ба Тоҷикистон асосан аз ҳисоби 32 дарсад кам шудани пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ва то 20 дарсад кам шудани даромади давлат аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ таъсир кард. Ин аст, ки қисмати даромади буҷаи Тоҷикистон бори аввал дар 5 соли охир 4 дарсад камтар аз нақша иҷро шуд.

XS
SM
MD
LG