Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-19) роҳ ёфт


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки бозии севумашро дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синнашон то 19 бо дастаи Австралия бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозии даври охирини гурӯҳи “D” шаби 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё рӯзи 24 октябр бо ғолиби гурӯҳи “С” – Ҷопон – рақобат мекунад.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистону Чин низ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом пазируфт. Ба ин тартиб, мунтахаби Узбакистон бо ҳафт имтиёз ғолиби гурӯҳи “D” шуд. Дастаи Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз мақоми дувумро азони худ кард. Ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамакнун дар даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 24 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо ғолиби гурӯҳи “С” – Ҷопон – рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:15 ба вақти маҳаллӣ (18:15 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бозиҳои дигари чорякниҳоӣ миёни дастаҳои Баҳрайн – Ветнам, Ироқ – Арабистони Саудӣ ва Узбакистон – Эрон баргузор мешаванд. Дар мавриди пирӯзӣ мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Баҳрайн – Ветнам бозӣ хоҳад кард.

Барои он ки мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ аз гурӯҳи худ баромада натавонист, бозӣ барои ҷойи панҷум дар қаҳрамонии Осиё-2016 барпо намегардад. Дастаҳое, ки дар Баҳрайн ба нимфинал мебароянд, соҳибони роҳхатҳо ба қаҳрамонии ҷаҳон мешаванд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 19-сола:

Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум

Узбакистон – Тоҷикистон – 2:1
Голҳо: Кароматулло Саидов, 20 (0:1). Саидҷамол Давлатҷонов, 67 (1:1). Ҷасурбек Яхшибоев, 72 (2:1).
15 октябр. Манама. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити». 100 тамошобин.

Чин – Австралия – 0:1

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Чин – 2:0
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 3 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 65 (2:0).
18 октябр. Манама. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн. 100тамошобин.

Австралия – Узбакистон – 2:3

Даври 3-юм

Австралия – Тоҷикистон – 0:0
Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Антони Калик (Австралия), 5 – дарвозабон баргардонд.

Австралия: Том Гловер, Уилям Мутч, Лачлан Скот (Ҷорҷ Блэквуд, 60), Томас Денг, Рено Пископо, Антони Калик, Коннор Отооле, Ҷозеф Чампнесс, Ҷорҷ Кристос (Ҷексон Бандейра, 80), Ҷек Уилям Бриммер (Марио Шабов, 46), Лиам Улей.

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Азимҷон Раҳмонов, Табрези Давлатмир, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов (Далер Ёдгоров, 72), Нуриддин Ҳамроқулов (Амирҷон Сафаров, 70), Эҳсони Панҷшанбе (Ҳоҷибой Зиёев, 90+3), Мӯҳсинҷон Парпиев, Муҳаммадҷони Ҳасан.

Огоҳонида шуданд: Марио Шабов, Томас Денг (Австралия), Беҳрӯз Хайриев, Эҳсони Панҷшанбе, Далер Ёдгоров (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Антони Калик (Австралия), 81 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Хамис Муҳаммад Ал-Маррӣ (Қатар).
Комиссари бозӣ: Доан Анх Туан (Ветнам).

Узбакистон – Чин – 0:0

XS
SM
MD
LG