Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби гузашта як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ дар шаҳри Душанбе худро ба дор овехтааст. Гуфта мешавад, ки бинобар нокомӣ дар ишқ, ӯ даст ба чунин амал задааст.

Як ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ шаби сешанбе ба чаҳоршанбе худкушӣ кардааст. Ҷӯрабеки Назар, сокини деҳаи Пушёни Болои ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ рӯзи чоршанбеи 2 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “хешовандамон Хусрав Раҳимов, соли таваллудаш 1995 худро дар шаҳри Душанбе ба дор овехтааст.”

Ба гуфтаи Ҷӯрабеки Назар, ҷасади Хусрави ҷавонмарг субҳи барвақт аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш дар деҳаи Пушёни Болои ноҳияи Восеъ оварда шуд ва зуҳри имрӯз маросими ҷанозааш баргузор мешавад.

Ҷӯрабек афзуд, ки сабаби ба дор овехтани Хусрав, он гуфта мешавад, ки вай бо духтаре аз шаҳри Душанбе ошиқ шуда ва мехостааст, то бо ӯ издивоҷ кунад, аммо волидайнаш ба ин хоҳишаш монеъ шудаанд, ки дар ниҳоят даст ба худкушӣ задааст.

Хусрави ҷавонмарг бо он, ки зодаи ноҳияи Восеъ буд, аммо тайи чанд соли ахир ҳамроҳи бародаронаш дар Душанбе зиндагӣ мекард ва дар бозори “Корвон” ба тиҷорат машғул буд.

Амирхон Ситамов, котиби ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов чоршанбеи 2 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ба дор овехтани Хусрав Раҳимовро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ҳодиса дар ҳудуди шаҳри Душанбе рух додаст. Вай гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ то ба ҳол тафсилоти ин ҳодисаро аз хонаводаи Хусрав напурсидаанд, чун онҳо ҳоло ғамзада ҳастанд ва намехоҳанд сӯҳбат кунанд.

Ӯ мегӯяд, ки падари ин ҷавон Гурез Раҳимов дар деҳоти «Пушёни боло» ҳамчун омӯзгор кор мекунад: «Мо худамон ҳам саҳар огоҳ шудем, ки писари муаллими Гурез худашро ба дор овехтааст. Ин писар дар шаҳри Душанбе буд. Ҳоло ин хонавода азодор ҳаст мо асли воқеъаро напурсидем.»

Худкушии Хусрав Раҳимови 21-сола дар ҳолест, ки ҳашт моҳ қабл Далер Ёров, як сокини ноҳияи Қубодиён пас сӯҳбати телефонӣ ва видоъ бо дӯстдухтараш, худро дар гӯшаи хилвати хонаашон ба дор овехт.

Дар моҳи майи соли гузашта ҷасади Садбарг Қарахонова, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугаракӣ ноҳияи Восеъ ошкор карданд. Баъзе дӯстони ин духтар гуфтанд, Садбаргро ишқи ноком ва ба духтари дигар издивоҷ кардани дӯстписараш ба худкушӣ таҳрик додааст.

Дар Тоҷикистон издивоҷи ҷавонон дар аксари маврид аз тарафи модар ва гоҳо ҷониби падарҳо танзим мешавад ва ин танзим бештар аз рӯи мақоли "кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз" сурат мегирад. Ҷомеашиносон дар бисёр мавриди хушкушии ҷавононро ба нофаҳмиҳо дар хонавода, махсусан ба дахолати волидон дар ташкили оила барои фарзандон марбут медонанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG