Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Даврон Қурбонов: Писари ман гуноҳ надорад


Додситонии ноҳияи Сино Даврон Қурбонови 20-соларо ба насби парчами созмони тундрави "Давлати исломӣ" бар фарози пули маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе, гумонбар медонад.

Додситонии ноҳияи Синои пойтахт бар асоси тафтишоти Кумитаи давлатии амнияи миллии Тоҷикистон дар нисбати сокини кӯчаи Маяковскийи пойтахт Даврон Қурбонов барои овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар пули маҳаллаи 103-и пойтахт, парванда боз кардааст.

Даврон Қурбонов бо моддаи 307 прим 1, яъне “даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон”, гунаҳкор дониста мешавад. Як мақоми додситонии ноҳияи Сино рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Даврон Қурбоновро КДАМ боз намуда, барои тафтишот ба додситонии ноҳияи Сино ирсол доштааст.

Ба иттилои додситонии Сино, Даврон Қурбонов рӯзи 28 ноябри соли 2015 ҳамроҳи ҳамсинфаш Ҳасан Соҳибов ҳамчун гумонбар дар овехтани парчами сиёҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар пули маҳаллаи 103-пойтахт боздошт шуданд ва пас аз як ҳафтаи тафтишот, Соҳибовро озод карданд, вале бар асоси нишондоди шоҳидон, алайҳи Даврон Қурбонов парванда боз шуд.

Ба гуфтаи ин шоҳидон, Даврон Қурбонов дар яке аз интернеткафеҳои пойтахт кор мекард ва наворҳои марбут ба созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро тамошо карда, дигаронро низ ба тамошои ин наворҳо ҳидоят мекард. Додситонии ноҳияи Сино мегӯяд, парвандаи Даврон Қурбонов дар моҳи гузашта ба Додситонии кулл фиристода шуд то барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол гардад, вале бинобар норасоии баъзе санадҳо, пас гардонида шудааст.

Аммо волидони Даврон Қурбонов мегӯянд, фарзандашон дар насби парчами "Давлати исломӣ" даст надорад ва таҳти фишор ба гуноҳаш эътироф кардааст. Онҳо мегӯянд, шабе, ки дар пули маҳаллаи 103-и Душанбе "Давлати исломӣ" овехта шуд, Даврон ҳамроҳи дигар хоҳарону бародаронаш дар меҳмонии холаашон Бибиомина Қурбонова дар назди бозори "Султони Кабир" ҳузур доштанд. Наздикони Даврон Ҳасанов мегӯянд, ки вай на намоз мехонад ва на ба хат ва забони арабиро медонад.

28 августи соли гузашта дар пули маҳаллаи 103-и Душанбе парчами ДОИШ насб карда шуд ва 25 ноябри соли 2015 мақомоти интизомӣ Даврон Қурбонов ва Соҳиб Ҳасанов, донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Душанберо боздошт намуданд. Саёҳат Қурбонова, хоҳари калонии Даврон Қурбонов мегӯяд, бародарашро 25-уми ноябри соли гузашта барои насби парчами сиёҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" кормандони интизомӣ боздошт карданд.

Давлатмурод Қурбонов, падари Даврон Қурбонов дар номааш ба президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштааст, ки Ҳасан Соҳибов баъд аз собит нашудани гуноҳаш, пас аз як ҳафта озод шуд ва дар баёноташ гуфтааст, “аз сабабе ки дар ошёнаи дувуми бозори "Корвон" ба рафиқаш Даврон гуфтааст, ки биё номатро Сурия гузорем, аз тарафи кормандони интизомӣ боздошт шудаанд.”

Давлатмурод Қурбонов дар номааш аз президент ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ хостааст, ки ба ҳалли мунсифонаи парвандаи фарзандаш мусоидат кунанд.

XS
SM
MD
LG