Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов дар Чин роҳхати олимпиро аз даст дод


Jahon Qurbonov
Jahon Qurbonov

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар Чин дар мусобиқаи роҳхатгирӣ ба Олимпиадаи Рио ноком шуд.

Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи “Осиё” ва “Уқёнус”, ки дар Чин ҷараён дорад, имрӯз, 2 апрел, барои ҷойи севум бо намояндаи Австралия Ҷейсон Эрик рақобат кард. Муштзани тоҷик дар ин қувваозмоӣ дар вазни то 91 кило аз рақибаш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 2 апрел хабар дод. Ӯ афзуд, ки дар ин мусобиқаи литсензионӣ ҳамаи ёздаҳ муштзани тоҷик - дар сабқати мардон Шӯҳрат Сабзаалиев (49 кг), Файзмамад Малахбеков (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шараф Давлатов (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Наврӯз Ҷафоев (81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), дар сабқати занон Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (75 кг) - ба нокомӣ дучор шуда, аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Ҳамакнун муштзанҳои тоҷик муборизаро барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ рӯзҳои 16-28 май дар Остонаи Қазоқистон ва рӯзҳои 7-19 июн дар Бокуи Озарбойҷон идома хоҳанд дод.

Мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар Чин, ки 25 март оғоз ёфта буд, шаби шанбеи 2 апрел ба анҷом мерасад. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза бурданд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро гирифтанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG