Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс


Меъроҷиддин Каримов ва Нодир Муҳаммадов
Меъроҷиддин Каримов ва Нодир Муҳаммадов

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои тавлиди нафт дар Ханти-Мансийски Русия як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои тавлиди нафт, ки рӯзҳои 7-9-уми декабр дар шаҳри Белоярскийи Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин бора Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, рӯзи 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, «дар ин мусобиқа, ки барои бори 12-ум ба хотираи аввалин кашшофи нафти Югорск Фармон Салмонов байни мардону занон сурат гирифт, 126 муштзан аз 18 кишвар (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Полша, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Узбакистан, Украина, Чехия, Чин, Шветсия) ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистонр панҷ мард – Файзмамад Малахбеков (52 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шавкатҷон Раҳимов (64 кг) , Ҷаҳон Қурбонов (91кг), Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) ва як зан - Мавзуна Чориева (60 кг) дохил буданд.»

Муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кг баъди ду ғалаба бар Авак Узляни русиягӣ (2:1) ва Салмон Иброҳимови озарбойҷонӣ (3:0), ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Шаҳром Ғиёсови узбакистонӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Меҳроҷиддин Каримов, ки бо лақаби «Гулливери тоҷик» маъруф аст, дар вазни беш аз 91 кг барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан бар Александрас Барановаси литовӣ (3:0) ғолиб омад. Вале ӯ баъдан аз Баҳодур Ҷалолови узбакистонӣ мағлуб шуд ва бо медали биринҷӣ қаноат кард.

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 60 кг аз Даря Абрамоваи русиягӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

Инчунин ду муштзани маъруфи тоҷик - Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов - низ ноком шуданд. Юнусов дар вазни то 60 кг дар даври пешакӣ бар Насриддин Мамадови озарбойҷонӣ бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд, вале баъдан бо нокаути фаннӣ аз Тигран Узляни русиягӣ шикаст хӯрд. Қурбонов бошад, дар вазни то 91 кг дар даври аввал аз Тадас Тамасаукаси литовӣ бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Файзмамад Малахбеков дар вазни то 52 кг аввалин қувваозмоияшро ба мизбон Алибек Бахтиёров бохт.

Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев муштзанҳои тоҷик соли 2015 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ширкат меварзанд. Инчунин онҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза хоҳанд бурд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои тавлиди нафт дар Ханти-Мансийски Русия ду медал ба даст оварда буданд. Анвар Юнусов бо медали тилло ва Мавзуна Чориева бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

XS
SM
MD
LG