Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ


Гуштии камарбандӣ
Гуштии камарбандӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ, ки рӯзҳои 6-7-уми декабр дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ, ки рӯзҳои 6-7-уми декабр дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа варзишгарони Австралия, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбакистан, Чин, Эстония ва ғайра барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон мубориза мебаранд.

Сафар Тошмуродов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии камарбандии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 нафар беҳтарин паҳлавонони кишвар, ба монанди Имомназар Каримзода, Ҳусниддин Тошмуродов ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Мо ба ин мусобиқа хуб омодагӣ дидаем ва мекӯшем, ки муваффақ шавем. Рӯзи аввали мусобиқа – 6-уми декабр - паҳлавонон аз рӯи намуди гуштии қазоқии “курес” ва рӯзи дувум – 7-уми декабр - оид ба гуштии камарбандӣ қувваозмоӣ мекунанд.”

Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандиро дар Оренбург Федератсиюни байналмилалии гуштии камарбандӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди ҷамъиятии «Евразия Казакша Курес», Федератсиюни гуштии камарбандии Русия ва Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Оренбург баргузор кардааст.

XS
SM
MD
LG