Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нокомии Наврӯз ва "Гулливери тоҷик" дар қаҳрамонии бокси дунё


Майдони қаҳрамонии бокс даро Алма-Ато

Майдони қаҳрамонии бокс даро Алма-Ато

Боз ду муштзани тоҷик - Наврӯз Ҷафоев ва Меҳроҷиддин Каримов - дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Алма-Атои Қазоқистон дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Наврӯз Ҷафоев, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, рӯзи 19 октябр дар даври 1/16-ниҳоӣ аз Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) дар сонияҳои охирини қувваозмоӣ бо нокдаун мағлуб шуд. Меҳроҷиддин Каримов, мулаққаб ба «Гулливери тоҷик», шоми шанбе дар вазни беш аз 91 кг нахустин қувваозмоияшро ба Кумар Сатиш (Ҳиндустон) бохт.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёзҳо бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев низ дар даври аввал дар вазни то 56 кг аз рақибаш Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, аз 7 муштзани тоҷик то имрӯз алакай чор нафар аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуданд.

Ва аммо ду нафар - Шаҳриёр Аҳмадов ва Шавкатҷон Раҳимов ба даври севум роҳ ёфтаанд. Шаҳриёр, ки дар даври аввал дар вазни то 52 кг бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина пирӯз шуда буд, дар даври дувум бар ҷоизадори Олимпиадаи Пекин-2008 Винчентсо Пикарди аз Италия дастболо гардид. Муштзани тоҷик дар даври севум бо Янтони Маркано аз Пуэрто-Рико, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Шавкатҷон Раҳимов, ки дар даври аввал дар вазни то 64 кг бар рақибаш Адилсон Ҷустино (Ангола) ғолиб омада буд, дар даври дувум бар рақиби пуртаҷрибааш Бранимир Станкович аз Сербистон пирӯз гашт. Шавкатҷон дар даври севум бо Ермек Сакенов аз Қирғизистон вориди рақобат мешавад.


Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум имрӯз, 20-уми октябр дар вазни то 60 кг бо Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Қувваозмоиҳои даври пешакӣ то 22-юми октябр идома меёбанд. 23-юми октябр даври чорякниҳоӣ, 25-уми октябр даври ниманиҳоӣ ва 26-уми октябр даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG