Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти муштзанҳои тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқоти ҷаҳонӣ


Муштзани тоҷик Шаҳриёр Аҳмадов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Аламаатои Қазоқистон дар даври аввал бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина пирӯз шуд.

Шаҳриёр дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар даври дувум рӯзи 18-уми октябр бо Винсензо Рикарди аз Италия қувваозмоӣ хоҳад кард.

Дар ин мусобиқот 576 варзишгар аз 118 кишвар ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 муштзан дохиланд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот, 14-уми октябр, ба ғайр аз Шаҳриёр Аҳмадов боз муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов рақобат кард. Вале ӯ аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Имрӯз, 15-уми октябр, намояндаи дигари Тоҷикистон Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кг бо Адилсон Ҷустино (Ангола) вориди рақобат мешавад.

Рӯзи 17-уми октябр Ораз Афзалшоев дар вазни то 56 кг дар даври аввал бо Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Рӯзи 19-уми октябр ду варзишгари тоҷик ба сабқат шурӯъ менамоянд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) – Ҷоветти Ҷиан (Ҷазоири Сейшел) мубориза мебарад. Инчунин Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг дар нахустин қувваозмоияш бо Кумар Сатиш (Ҳиндустон) рақобат мекунад.

Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод аст, дар даври дувум рӯзи 20-уми октябр дар вазни то 60 кг бо ғолиби ҷуфти Майкл Александер (Тринидад ва Тобаго) – Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Қувваозмоиҳои даври пешакӣ то 22-юми октябр идома меёбанд. 23-юми октябр даври чорякниҳоӣ, 25-уми октябр даври ниманиҳоӣ ва 26-уми октябр даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG