Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар Қазоқистон се медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои ҷоизаҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки аз 23 то 29 май дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, се медал ба даст оварданд.

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни 60 кило бар ҳамаи чаҳор рақибаш аз Қазоқистон ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ду муштзани дигари тоҷик – Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 кило ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, рӯзи 29 май хабар дод. Вай гуфт, ки ин мусобиқа барои муштзанҳои тоҷик як марҳилаи омодагӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG