Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарҳадбонҳои тоҷик рӯзи панҷшанбеи 29 август аз гурӯҳи чатрбозони эҳтимолан фурудомада дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон асаре пайдо накардаанд.

Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух бегоҳи панҷшанбеи 29 - уми август ба Озодӣ гуфт, ки марзбонон ва пулиси ин минтақа дар 2 нақлиёт ба таҳқиқи ҳақиқати ин хабар ва ҷустуҷӯи чатрбозони фурудомада ба маҳали ҳодиса рафтанд, аммо он ҷо ягон чатрбоз ё каси дигари бегонаро пайдо накарда баргаштанд.

Ба гуфтаи вай, сокинон хабари фуруди чатрбозҳо (парашютистон)-ро аз чӯпонҳои тоҷик ва онҳо ба навбати худ аз забони ҳамкасбони қирғизи худ шунидаанд, ки субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 29 - уми август дар мавзеъи Офтобрӯ, тахминан 25 киламетрии канори деҳаи Ворух, дар хоки Қирғизистон фурудойии чатрбозонро дидаанд.

Вале ҳанӯз ин хабарро мақомоти Тоҷикистон ё Қирғизистон тасдиқ намекунанд.
Хабаргузории ИНТЕРФАКС ба нақл аз мақомоти сохторҳои қудратии Қирғизистон навиштааст, ки субҳи 29 август дар қаламрави вилояти Ботканди ин кишвар гурӯҳи чатрбозоне фуруд омад.

Ин манбаъ афзудааст, ки неруҳои Хадамоти марзбонӣ ва вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ин хабарро аз чӯпонон дастрас карда, корҳои ҷустуҷӯиро дар ин маҳал ба роҳ монданд.

Ҳарчанд то кунун ҳуввияти гурӯҳи чатрбозони фурудомада маълум нест, аммо мақомоти интизомии вилояти Бодканд, эҳтимол задаанд, ки мумкин аст, ин гурӯҳ аз чатрбозони варзишгаранд.

Зимнан, хабари фуруд омадани дастаи чатрбозон дар марзи миёни Қирғизистон бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар чанд моҳи ахир ин минтақаи марзӣ шоҳиди ихтилофоту муноқишаҳои марзӣ будааст.

Моҳи августи соли гузашта низ дар бархе расонаҳои интернетӣ хабари пайдо шудани гурӯҳи номаълуми ҷангандаҳо дар минтақаи кӯҳии ноҳияи Лайлак, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷн Ғафурови Тоҷикистон, 10 киламетрии Хуҷанд хабаре ба нашр расид. Вале мақомоти сарҳадбонии қирғиз пас аз таҳқиқу ҷустуҷӯ расман он хабарро беасос хонда буданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG