Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори постгоҳи Қарамиқ: "Марз қонуни худро дорад"


Теъдоде аз ронандаҳои қирғиз, ки қаблан аз “тамаъҷӯӣ”-и марзбонони тоҷик дар посгоҳи Қарамиқ шикоят намуда буданд, ҳоло даъво доранд, ки сарҳадбонон муносибаташонро бадтар кардаанд. Аммо марзбонони тоҷик ин иддаоро радд мекунанд.

Ба иддаои ронандагони қирғиз, мошинҳое, ки аз додани "ҳаққ" ба марзбонон сарпечӣ мекунад, ба муддати як соат дар ин дидбонгоҳи марзӣ кофтукоб мешаванд. Аммо масъулони ин посгоҳ мегӯянд, онҳо дар доираи ваколатҳои худ ва тибқи дастурамали мавҷуда оид ба тафтиши мошинҳо, амал мекунанд.

Толубой Ушбоев, раиси Ассотсиатсияи интиқолдиҳандаҳои бори Қирғизистон, рӯзи 12-июн дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар қаблан марзбонони тоҷик бо гирифтани 50 сомонӣ мошинҳои борбарро назорати умумӣ мекарданд, аммо ҳоло ҳар як мошинро мӯшикофона ва то як соат тафтиш мекунанд.

Вай мегӯяд, ки “тавре эҳсос мешавад марзбонон бо ин васила мехоҳанд “ставка”-и худро боло баранд. Вай мегӯяд, ки барои мисол, рӯзи гузашта 8 мошини борбари холӣ аз субҳ аллакай дар посгоҳ буд, аммо тафтиши мошини охирин танҳо соати 6-и бегоҳ анҷом шуд. Ба иддаои Толубой Ушбоев, "ронандаҳое, ки мисли пештара пул медиҳанд, бемушкил постгоҳро убур мекунанд, аммо барои онҳое, ки ҳаққ додан намехоҳанд, марзбонон рӯирост мушкил эҷод мекунанд.”

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ҷаноби Ушбоев, ба дасти марзбонон руйхати 25 нафар ронандае афтодааст, ки дар мавриди тамаъҷӯии марзбонони тоҷик ба сафоратхонаи Қирғизистон дар Тоҷикистон шикоят бурда буданд. “Марзбонон ин руйхатро ба ронандҳо нишон дода таҳдид мекунанд, ки подоши чунин амалашонро хоҳанд дид. ”- меафзояд, Толубой Ушбоев.

Дар ҳамин ҳол, сардори дидбонгоҳи Қарамиқ рӯзи 12-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин иддаои ронандаҳои қирғизро рад кард ва гуфт, онҳо дар доираи қонунгузорӣ амал мекунанд. Ба гуфтаи ин масъули дидбонгоҳи Қарақим, “марз қонуни худро дорад, ҳар мошине, ки ба сарҳад дохил мешавад, ба хотири ворид нагардидани бори ғайриқонунӣ тафтиш мешавад.Тафтиши ҳар як воситаи нақлиёт соату вақти муайянро дорад. Тибқи дастурамали мавҷуда, мошини борбар аз 1 то якуним соат пурра таҳти тафтиш қарор мегирад. ”

Ба гуфтаи ин масъули дидбонгоҳ, мошинҳое, ки аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон ва ҳамин тавр аз Тоҷикистон ба Қирғизистон мераванд, дар марз аз сӯи чаҳор ниҳод -- Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, Хадамоти гумрук, вазорати нақлиёт ва Сарраёсати марзбонӣ тафтиш мешаванд. Аз ҷумла ӯ ба ин нуқта ишора кард, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва имкони зиёди интиқоли маводи мухаддир аз ин масир ба Қирғизистон ва ҳамин тавр ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва Русия вуҷуд дорад. Аз ин сабаб, мошинҳо дар марз мавриди тафтиши шадиди кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир тавассути "сагҳои буйгир" низ қарор мегиранд.

Ин масъули дидбонгоҳи марзии Қарамиқ ҳамзамон иддаои бадрафторӣ дар нисбати он ронандагонеро, ки қаблан ба сафорати Қирғизистон дар Душанбе шикоят бурда буданд, рад намуд ва аз вуҷуди чунин феҳрист бехабарӣ кард.

Мошинҳое, ки Толубой Ушбоев, раиси Ассотсиатсияи интиқолдиҳандаҳои бори Қирғизистон даъво дорад, ки мавриди тафтиши шадид ва тӯлонии марзбонони тоҷик қарор мегиранд, аз Чин ба корхонаи коркарди нафти ноҳияи Данғараи Тоҷикистон таҷҳизоти фаннӣ ва дастгоҳҳо ворид мекунанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо Озодӣ вуҷуди мавридҳои “тамаъҷӯӣ” дар миёни марзбонони посгоҳи Карамиқро тасдиқ кард. Улуғхоҷаев дар айни замон сабаби банд мондани мошинҳои борбар дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро “мушкилоти фаннии Системаи нави хазинаи ягонаи маълумот дар посгоҳи Қарамиқ” донист.

Роҳ аз ноҳияи Мурғоб тавассути Бадахшон ва вилояти Хатлон то Душанбе наздики 1000 километрро ташкил медиҳад, аммо бо убури хоки Қирғизистон ин масир 400 километр камтар мешавад ва барои ҳамин ронандагон асосан ин масирро интихоб мекунанд.

XS
SM
MD
LG