Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сарбоз ва ду афсар дар марги Парвизи Вазирбек муттаҳам шуданд


Сарбозони қисми марзбонии Дарвоз. Акс аз бойгонӣ.

Сарбозони қисми марзбонии Дарвоз. Акс аз бойгонӣ.

Ду сарбози қаторӣ ва ду афсари қисми марзбонӣ воқеъ дар маркази ноҳияи Дарвоз, дар марги ноболиғ Парвизи Вазирбек муттаҳам шуданд.

Прокурори гарнизони ҳарбии Хоруғ Маҳмадалӣ Бобоев рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбати сарбозон Ашурматов ва Пирматов, парпоршик Давлатов ва капитан Зиёев бо иттиҳоми ҳамшарикӣ дар дуздӣ ва ҷалби ноболиғ ба тасарруфи моликият, ки мунҷар ба ҳалокати ин ноболиғ шудааст, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ идома дошта, пас аз чанде ба додгоҳ ирсол мегардад.

Вай гуфт, нисбати сарбозон чораи пешакии ҳабс татбиқ гардида, прапоршик ва афсар, ки ҳамзамон ба баромадан аз ваколати хидматӣ муттаҳам гардиданд, муваққатан аз вазифа дур карда шуданд. Ба гуфтаи прокурори ҳарбӣ, дар рафти тафтишот муайян гардид, ки сарбозон ва прапоршику капитан ба мақсади тасарруф ва фурӯши ғайриқонунии моликияти қисми марзбонӣ, маслиҳати пешакӣ доштанд.

Сарбозон тавассути телефонии дастӣ сокини ноболиғи ноҳияи Дарвоз Парвизи Вазирбекро ба дуздӣ ҷалб намуда, ба вай имконият медиҳанд, ки бемамониат ба ҳудуди махсуси муҳофизатшаванда гузарад. Оқои Бобоев гуфт: "Онҳо ба ноболиғ барои кушодани сарпӯши зарф кӯмак мекунанд, вай бо худаш калиди 24 ва зарфҳо барои бензин бурданро меорад ва ҳангоме, ки сарбозон вайро ба ҳоли худаш мегузоранд, ки бензин гирад, ҷиҳати он, ки дар дохили зарф бензин кам буд, ноболиғ тасодуфан ба даруни зарфи бензин меафтанд. Тавре, аз хулосаи ташхиси тиббӣ бармеояд, шахсе, ки ба чунин зарфи нигаҳдории бензин меафтад, бисёр агар зинда монад, ду дақиқа ва дар баробари афтидани ноболиғ ба даруни зарф, шуш ва узвҳои даруниаш аз кор монданд."

Ҷасади Парвизи Вазирбек баъд аз бист рӯз аз дарёи Панҷ ёфт шуд.

Ҷасади Парвизи Вазирбек баъд аз бист рӯз аз дарёи Панҷ ёфт шуд.

Ба гуфтаи прокурори ҳарбӣ, прапоршик аз тарси ифшо нашудани ҳодиса ба сарбозон кӯмак мекунад, ки ҷасади ноболиғро ба дарёи Панҷ андозанд.

Ёдовар мешавем, ки Парвизи Вазирбек, ки дар синфи 8-уми мактаби рақами 1-ноҳияи Дарвоз таҳсил мекард, шоми 1-майи соли ҷорӣ дар шароити мармуз ба ҳалокат расид ва бо гузашти қариб як моҳ ҷасадашро аз рӯди Панҷ, дар деҳаи Паткунов-15-километр дуртар аз маҳали ҳодиса пайдо карданд.

Наздикони Парвизи Вазирбек дар шарҳи ин ҳодиса ба Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ бо бархе аз сарбозони қисми марзбонии мустақар дар шаҳраки Қалъаихум додугирифт дошт ва ба ивази маводи сӯхт ба онҳо телефони мобилӣ, симкарт ва дигар васоили зарурӣ меовард: " Бегоҳии рӯзи 1-уми май сарбозон Парвизро барои табодули мол бо бензин даъват карданд. Вале ҳангоми гирифтани маводи сӯхт, посбонони ин қисми ҳарбӣ пайдо шуданд ва посбонҳо ба хотири ошкор нашудани муомилот гӯё Парвизро даруни бочкаи яктоннагии маводи сӯхт андохта, худ фирор кардаанд". Ба иддаои Саидбек Аҳмадбеков, аз наздикони Парвизи Вазирбек "ҳангоме, ки сарбозон пас омаданд, Парвиз аллакай ҷон дода буд ва онҳо ҷасадро ба дарёи Панҷ андохтанд, то ҳеҷ нишоне ҷой надошта бошад".

Ба дунболи ин ҳодиса Додситонии гарнизони ҳарбии Бадахшон комиcсияи махсусеро барои таҳқиқи ҳодисаи марги Парвизи Вазирбек ба ноҳияи Дарвоз фиристода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG