Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобиноён - қишри маҳрум дар ҷомеаи Тоҷикистон


Ҷамъиятҳои нобиноён дар Тоҷикистон аз шароити тангу маҳдуди кору таҳсил дар кишвар изҳори норозигӣ мекунанд.

Шурӯъ аз норасоии васоили таҳсил дар мактабҳои нобиноён то роҳҳои ноҳамвору маҳрумият аз имтиёзҳову набуди ҷои кор, аз масъалаҳоест, ки имрӯз қишри нобинои Тоҷикистон ба он рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ҷамшед Очилов, сармутахассиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон мегӯяд, ки чанд соли пеш ҳақи телефони шаҳрӣ барои нобиноён ройгон буд, вале онро ҳам лағв карданд: «Медонед, дар мактабҳои нобиноҳо таҷҳизотҳои махсус барои нобиноҳо намерасад, дафтар намерасад, ҷои кор воқеан проблема ҳаст, имтиёз аслан надорем, ҳамон алоқаи телефонӣ бепул буд, ки онро ҳам бекор карданд. Роҳҳои шаҳру ноҳияҳо ҳамвор нестанд, ҳатто бо асо намешавад роҳ рафт, бисёр масъала ҳаст.»

Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе мегӯяд, ки беш аз 60 дарсади нобиноҳо дар
Шогирдони мактаби махсуси нобиноён.
Шогирдони мактаби махсуси нобиноён.
Тоҷикистон бе хатту саводанд. Феълан дар Тоҷикистон барои нафарони сустбину нобино чаҳор мактаб - парваришгоҳ фаъол будааст, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 400 нафарро ба омӯзиш фаро гирифтааст. Агарчӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон шумораи атфоле, ки ба мушкили биноӣ гирифторанд, хеле зиёданд, аммо аксари волидайн аз шарм ва таънаи ҳамсояҳо намехоҳанд фарзанди худро ба ин муассисаҳо бидиҳанд.

Ба таъкиди масъулони ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе, тавре таҷриба нишон медиҳад, афроди нобинои бехатту савод, маъмулан дар кунҷи хона қарор мегиранд ва ё ба шумораи афроди талбанда дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар мепайванданд. Ҷамшед Очилов, сармутахассиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳатто асо барои нобиноҳо дар Тоҷикистон намерасад ва аз Ҳиндустон ҳамчун тӯҳфа ба афроди ниёзманд оварда мешавад.

Иброҳим Исмоилов, узви Ҷамъияти нобиноён, ки лаёқати овозхонӣ дорад, мегӯяд, онҳо ҳангоми аз роҳҳои пурмошин гузаштан мушкил мекашанд. Зеро дар гузаргоҳҳои Тоҷикистон чароғаки садоӣ гузошта нашудааст ва ҳангоми убур мунтазири як раҳгузари савобҷӯе мешаванд, ки дасташонро бигирад: «Аз роҳҳо гузаштан бисёр мушкил аст. Чароғакҳои гӯё ва ё садоӣ дар Душанбе ҳаст, лекин биёр кам ва дар ҷойҳое гузошта шудааст, ки нобиноҳо кам мегузаранд ва медонед, ки роҳҳо сермошин аст, намедонем кай чароғак сабз мешавад. Интизор мешавем ё хоҳиш мекунем, ки одамони бино дастамонро бигиранд.»

Нобиноҳо мегӯянд, беҳтар мебуд, ки дар Тоҷикистон чароғакҳои мисли Русия насб кунанд, ки садо доранд ва барои афроди нобино маълум мекунанд, ки навбати гузаштан аз ронандаҳост ё аз пиёдагард.

Абдусаттор Холов, сардори Шуъбаи назорати роҳҳои автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди чунин чароғакҳо дар Тоҷикистон биёр кам аст ва ахиран як чароғаки садоӣ дар гузаргоҳи назди Комбинати нобиноёни Ҳисор гузошта шуд: «Аслан дар инҷо проблемаи рақами аввал маблағ аст. Агар масъалаи маблағ бояд дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳалли худро пайдо кунад, он вақт имкон дорад, ки дар назди бозорҳо, умуман ҷойҳои серодам барои нобиноҳо светофорҳои садоӣ мешавад гузошт.»

Тавре ҷамъияти нобиноҳои шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар ҳоли ҳозир дар созмони онҳо ҳудуди 10 ҳазор нобино сабт шудааст.

Дар Тоҷикистон барои нобиноҳо корхонаҳои махсуси саноатӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор ва дар шаҳри Душанбе корхонаҳое фаъол астанд, ки дар онҳо даҳҳо афроди нобино кор мекунанд, вале ин шумори корхонаҳо тамоми ин маълулонро ба кор фаро гирифта наметавонад ва барои бахши аъзами ин мардум, чорае дигареро ба ҷуз аз гадоӣ дар кӯчаву бозор боқӣ намегузорад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG