Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Дунёро бо чашми дил мебинам”


Маҳмадӣ Маҳмудов

Маҳмадӣ Маҳмудов

Як овозхони 15-солаи нобинои тоҷик ахиран дар Маскав дар ҷашнвораи байналмилалии “Асои сафед” ширкат кард. Маҳмадӣ Маҳмудов мегӯяд, ӯ дунёро бо чашми дил мебинад.

Маҳмадӣ Маҳмудови 15-сола аз Тоҷикистон ахиран дар ҷашнвораи байналмилалии “Асои сафед” дар Маскав ширкат кард. Ин тифли нобинои ҳунарманд бо садои ширини худ ва ҳам ба далели малакааш дар навохтани пианинову синтезатор барои ширкат дар ин озмун интихоб гардида буд.

Ҷашнвораи ҳунарии “Асои сафед” бо ташабусси овозхони нобинои рус Диана Гуртская панҷ сол боз таҷлил мешавад.

Маҳмадӣ ҳам пас аз бозгашт аз Маскав меҳмонӣ Радиои Озодӣ шуд ва нахуст дар мавриди роҳ ёфтанаш ба ин ҷашнвора гуфт:

Маҳмадӣ Маҳмудов соли 1998 дар шаҳри Душанбе дар оилаи табиб ба дунё омадааст. Соли 2005 нахустин қадамҳои худро ба синфи якуми мактаби рақами 20 пойтахт гузошта, баъд аз хатми синфи 3 таҳсилро дар мактаби 52 шаҳри Душанбе идома додааст. Пас аз он ки пурра аз қувваи биноӣ маҳрум мешавад, барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор меояд ва ҳоло хонандаи синфи 11- и ин интернат аст. Ӯ дорандаи ҷоизаву ифтихорномаҳо буда, пас аз хатми мактаб орзуи таҳсил дар Консерваторияи мусиқии шаҳри Маскавро дорад. Маҳмадӣ фарзанди сеюми хонадон буда, 4 нафар бародару хоҳар дорад.

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Дастандаркорони ҷашнвораи V-уми байнулмилалии хайрияи «Белая трость»-и овозхон Диана Гуртская маро тавассути Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд. Аввал онҳо сабтҳои овози маро ирсол карданд, вале танҳо баъди дастрас кардани сабти овози зинда, даъватнома фиристодаанд. Аз Тоҷикистон намояндаи ягона ман будам. Дар ин чорабинӣ кӯдакону наврасони аз қувваи биноӣ маҳрум аз 10 кишвари собиқ Шӯравӣ ҳам иштирок доштанд”.

Радиои Озодӣ: Шумо бо кадом суруд Тоҷикистонро намояндагӣ кардед?

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Албатта, ҳар як иштирокчӣ бо забони кишвари худаш суруд мехонд. Ман низ бо забони модарӣ-тоҷикӣ суруди “Тоҷикистон”-ро сароидам ва аз кафкубиҳои тамошобинони толор эҳсос мешуд, ки барояшон писанд омад.”

Радиои Озодӣ: Маҳмадӣ боре орзу доштед, ки дар чунин ҷашнвора ширкат кунед?

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Бале, вақте соли гузашта, як ҳамтақдири ман Умед Ашӯров дар ин ҷашнвора ширкат кард, ҳамон замон ҳам орзу карда будам, ки кош ба ман ҳам насиб шаваду ман низ ба ин озмун роҳ ёбам. Албатта, ки ба орзуям расидам”.

Радиои Озодӣ: Оё аз ин пеш ҳам дар чунин озмунҳои байнулмилаллӣ иштирок карда будед?

Бо Диана Гуртская дар Маскав

Бо Диана Гуртская дар Маскав

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Дар ҷашнвораҳои гуногун барои шахсони қобилияташон маҳдуд дар худи Тоҷикистон баъдан дар Туркия ва Корея ҳам ширкат доштам. Ҳамчунин вақте ба Корея рафтам онҷо дар баробари иштирок дар чорабинӣ чашмонамро ҳам табобат кардам”.

Радиои Озодӣ: Истеъдоди сурудхонӣ кай дар дили шумо пайдо шуд ва оё дар ягон мактаби мусиқӣ ҳам омӯзиш мегиред?

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Ростӣ, ягон мактаби мусиқиро нагузаштам, ҳоло хонандаи синфи 11-уми мактаб-интернат барои нобиноён дар ноҳияи Ҳисор ҳастам. Барои аввалин бор соли 2010 буд, вақте ҳамроҳи як рафиқам ба дарсҳои иловагии сурудхонӣ рафтам, онҷо муаллим ба ман гуфт, ки як суруд хон, аввал овозатро бинем, баъд ман ҳам ду мисра шеърро бо оҳанг хондам, муаллим гуфт овозат бад нест, вале кам - кам машқ кунӣ хуб мешавад. Ҳамин тавр дар хона худам машқ мекардам ва соли 2012 суруди “Тоҷикистон”-ро сабт кардам ва бо ҳамин суруд маро ба як фестивале ки бо ширкати афроди нобино дар Туркия баргузор шуд давъат карданд. Ин аввалин сурудхонии ман дар толорҳои бузург буд”.

Радиои Озодӣ: Маҳмадӣ, тавре худат гуфтӣ, ягон мактаби мусиқиро нагузаштаӣ. Оё навохтани ягон навъи асбобҳои мусиқиро метавонӣ?

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Бале, ман дар хона, қариб тамоми асбобҳои мусиқӣ, аз ҷумла, пианинову синтезатор, гитараву таблак ва най ҳам дорам. Вале танҳо барои навохтани най як каме мушкилӣ мекашам, аммо умед дорам, ки дар рӯзҳои наздик онро ҳам аз худ мекунам, зеро агар завқ бошад инсон ҳама ҳунарро ёд мегирад”.

Радиои Озодӣ: То имрӯз чанд суруд омода кардед ва ҳангоми тайёр кардани сабти овозҳо бо кадоме аз сарояндаҳо ҳамкорӣ мекунед?

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Ман то имрӯз шаш сурудамро сабт кардам. Бештар дар бораи Тоҷикистон, Ватан, Модар, Баҳор ва дар мавзӯъи ишқ ҳам хондаам. Вале ман бо касе аз сарояндаҳо ҳамкорӣ надорам. Ҳар кӯмаке, ки лозим ояд, падару модарам мекунанд. Онҳо, ҳам сарпараст ва ҳам ягона дастгирӣ ман ҳастанд”.

Радиои Озодӣ: Аслан чӣ сабаб шуд, ки Маҳмадӣ ба сарояндагӣ рӯ биёрад, дар ҳоле ки кадом як мактаби мусиқиро нагузаштаву дар хонавода ҳам касе сароянда нест?

Маҳмадӣ Маҳмудов: “Аз кӯдакӣ орзуи сароянда шуданро доштам. Ҳарчанд ман модарзод нобино набудам. Акнун ки аз қувваи биноӣ маҳрум ҳастам, як сабаб ҳам ҳамин ки ман метавонам ҳар чизе ки дар дилам ҳаст, тавассути оҳангу суруд аз дилам берун кунам. Вале дилшикаста нестам, ман бо дилам тамоми дунёро мебинам ва мехоҳам баъди хатми мактаб -интернат ба Консерваторияи Маскав дохил шавам ва тавонам, ки нозукиҳои мусиқиро ҳам дар онҷо аз худ кунам. Ҳоло ғайр аз забони тоҷикӣ, бо забонҳои русиву англисӣ ҳам суруд мехонам”.

Зимнан, дар ҷашнвораи байналмилалии “Асои сафед”, ҳамчунин овозхонҳои маъруф Алсу, Наташа Королева, Александр Малинин, Олег Газманов, Анита Тсой, Марк Тишман, Зара, гурӯҳи «А-студио» ва Марина Девятова иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG