Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони пойгаи мототсиклронӣ


Дар ин мусобиқот, ки дар пойгоҳи мототсиклронии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон -Учқул, даҳкилометрии ғарби Душанбе баргузор шуд, 35 варзишгар дар ҳайати 9 дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии мухталифи кишвар рақобат карданд.

Дастаи бошгоҳи варзишию техникии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар ҷойи дувум ва тими ноҳияи Ёвон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ устоди шоистаи варзиш Сафаралӣ Раҷабов дар пойгаи мототсикли ҳаҷми муҳаррикаш 500 сантиметри мукааб ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дар навъи дигари рақобатҳо - пойгаи мототсикли ҳаҷми муҳаррикаш 350 сантиметри мукааб Уктам Хуррамови душанбегӣ ғолиб шуд. Варзишгари шаҳри Қӯрғонтеппа Зариф Сайфов дар пойгаи мототсикли ҳаҷми муҳаррикаш 250 сантиметри мукааб пирӯз гардид. Дар сабқати ҷавонон дар пойгаи мототсикли ҳаҷми муҳаррикаш 125 сантиметри мукааб Дилшод Раҷабови душанбегӣ мақоми аввалро касб кард.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG