Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзгирандаҳои хатарнок киҳоянд? Донишҷӯён! - мегӯянд бонкҳо


Бонки Тоҷикистон донишҷӯёнро "бекорони оянда" медонанд ва ба онҳо қарз намедиҳанд.

Вақте Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз донишомӯзон пардохти яклухти ҳаққи таълимро талаб кард, Аминҷон Шокиров, донишҷӯи курси дуввум надонист, чӣ кор кунад. Вазъи молии ӯ ва хонаводааш ба гунае буд, ки идомаи таҳислаш зери хатар афтод ва танҳо муҳоҷират ба Русияро имконпазир мекард.

Аминҷон як умедвории дигар низ дошт. Ӯ шунида буд, ки бонкҳо чизе ба номи “қарзи донишҷӯӣ” доранд ва фикр кард, ки агар маблағи заруриро аз бонк бигирад ва ҳаққи донишгоҳро бидиҳад, баъдан, вақте корро сар кард, қарзро батадриҷ бармегардонад. Ин, зоҳиран, осонтарин роҳи ҳалли мушкили пули таҳсил буд. Вале Амиинҷон мегӯяд: "Ба чанд бонк муроҷиат кардам, ҳуҷҷатҳои зиёде талаб карданд ва бар замми ин, фоизи қарзҳояшон ҳам хеле гарон буд. Қарзҳояшон ба ном барои донишҷӯён аст, аммо дар асл аз дигар намуди қарзҳо, масалан барои тиҷорат ё хариди манзил фарқе надорад. Ман ҳисоб кардам, ки агар аз бонк қарз гирам, баргардонданаш мушкил мешавад. Бино бар ин аз ошноҳоям қарз гирифта, пули таҳсиламро додам ва баъд бародарам аз Русия пул фиристонду бо шиносҳоям ҳисобӣ кардам".

Аминҷон афзуд, маълум аст, ки донишҷӯён то хатми таҳсил имкони пул кор карданро надоранд, вале бо вуҷуди донистани ин донишгоҳҳо пардохти яклухти ҳаққи таҳсилро талаб мекунанд. Бино бар ин, аксарияти донишҷӯён барои пардохти ҳаққи таҳсил ба қарзҳои боимтиёз ниёз доранд.

Дар Тоҷикистон аз се бонки тиҷории бузургтарин – “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дутоаш ба донишҷӯён барои таҳсил қарз медиҳанд. Аммо баҳра ё сарбахши ин қарзҳо аз дигар намуди кредитҳо кам фарқ дорад. Баҳраи солонаи ин қарзҳо аз 22 то 30 дарсади солонаро ташкил мекунад.

Дар қиёс бо ташкилотҳои қарздиҳӣ дар Тоҷикистон, фоизи аз ҳама пасти қарзро барои таҳсил ташкилоти қарзии «Имон интернешнл» медиҳад, ки он 14 дарсади солона аст. Дилосо Аҳмадова, роҳбари маркази тамоси «Имон интернешнл» дар сӯҳбат ба РО гуфт, ки таъсиси риштаи нави қарз бо номи «Чароғи маърифат» ташаббуси худи ин созмон аст ва барои ин иқдом ширкати мазкур аз ҷониби давлат пуштибонӣ намешавад: «ин қарзи иҷтимоӣ аст. Ин қарзро мо бе талаби гарав ба донишҷӯёни аълохон ба муддати дароз медиҳем.»

Хонум Аҳмадова мегӯяд, муҳлати парохти қарзи мазкур шаш сол аст, ки дар Тоҷикистон собиқа надорад. Ин дар ҳолест, ки қарзҳои донишҷӯӣ дар кишварҳои дигар ба муддати то 20-30 сол дода мешаванд ва баҳраи онҳо аз 2 то 5 дарсадро ташкил медиҳад.

Ораш Хоҷамуродов, мутахассиси пешбари Анҷумани бонкҳои тиҷории Тоҷикистон сабаби набуди қарзҳои имтиёзнок барои донишҷӯёнро чунин шарҳ дод: "Додани қарз ба донишҷӯён хавфи зиёд дорад. Чунки онҳо кор намекунанд ва манбаи даромади муътадил надоранд. Ғайр аз ин пас аз хатми донишгоҳ ҳам эҳтимолияти ҷои кор ёфтани эшон хеле поин аст. Аз ин рӯ бонкҳо ба ҷудо кардани қарзҳо барои донишҷӯён чандон ҳавасманд нестанд».

Бояд гуфт, ки дар аксар кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто Қазоқистону Русия донишҷӯён имкони бо фоизҳои хеле паст ва имтиёзнок гирифтани қарз барои таҳсилро доранд. Масалан сар аз соли гузашта давлати Русия барои он бонкҳое,ки ба донишҷӯён қарз медиҳанд субсидия ҷудо мекунад ва бонкҳо ҳам барои ҷудо кардани қарзи бештар ба донишҷӯён ҳавасманд мешаванд.

Марҳабо Ҷабборова, роҳбари Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон мегуяд, давлати Тоҷикистон донишҷӯёни камбизот ва аз ноҳияҳои дусрдастро бо роҳи ҷудо кардани квотаи донишҷӯи дастгирӣ мекунад: «аммо таҷрибаи ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ҳам барои донишҷӯён ки дар шӯъбаҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд иқдоми бисёр хуб ва лоиқи дастгирист. Масалан, дар Қазоқистон дар ин маврид қонуни махсус қабул кардаанд, ки ҳоло амал мекунад. Ман низ дархост кардам, ки нусхаи ин қонунро ба мо фиристанд, то мо низ бубинем. ки бо назардошти шароити молиявии кишварамон дар ин росто чӣ корҳо кардан мумкин аст.»

Ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 60 дарсади донишҷӯён бар ивази пул дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд ва Вазорати маорифи Тоҷикистон ният дорад, имсол теъдоди ҷойҳои будҷавиро дар донишгоҳҳо боз ҳам коҳиш диҳад. Ба ин тартиб, агар Аминҷон мушкили худро бо роҳе ҳал карда бошад, ҳазорон ҷавони дигар бо сабаби надоштани пул аз таҳсил дар мактабҳои олӣ маҳрум мемонанд.
XS
SM
MD
LG