Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қарзу қавола"-и волидон барои ҷиҳози арӯсии духтарон


Волидон барои ҷиҳози арӯсии духтарони худ дороии худро ба гарав мегузоранд ва аз бонкҳо қарз мегиранд. Ҳарчанд ин қарзҳо чандон калон нестанд, вале бархе аз оилаҳо то чанд соли дигар зери бори он мемонанд.

Холиса Шарифоваи 23-сола аз ҷумлаи он ҷавонзанҳост, ки қабл аз издивоҷ барои харидории ҷиҳози арӯсӣ аз бонк 3 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтааст. Вай мегӯяд, 1700 долларе, ки домод ҳамчун ширбаҳо ё маҳр барояшон пардохтааст, харҷи туйро напӯшонд, аз ин рӯ онҳо маҷбур ба гирифтани қарз шуданд.

Тавре Холиса дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, вай барои харидани ҷиҳози арӯсӣ 7 ҳазор доллари амрикоӣ сарф кардааст. Ҷиҳозе иборат аз як ҳалқаи тилло бо ангуштаринаш, ки бо сангҳои қимматбаҳо ороиш дода шуда аст, ҷевону рахти хоб, ки сари 3200 долларро «хӯрд». Пироҳани арӯсӣ бо ороиши мӯй сараш 900 доллар шуд ва мошини либосшӯӣ ба 600 доллар.
Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.
Боз ба қавли ин ҷавонзан арӯсонро лозим аст, қолину парда, тафдонҳо ва чангкашаку дигар чизҳо низ харидорӣ кунанд, ки ба маблағи кам ин ҳамаро харида намешавад. Ҷиҳози арӯс солҳои охир то рафт бештару бештар мешавад ва акнун на чанд ҳадияи хонаводаи ӯ, балки пойгоҳи омодаи зиндагии як оилаи навро ташкил медиҳад.

Ба суоли он, ки «чаро арӯсон бояд ин ҳамаро харидорӣ кунанд?» Холиса чунин посух дод, «шояд ба он хотир бошад, ки касе ба наварӯс таъна назанад, ки чаро ту ҷиҳози кам овардӣ ё арзон? Ҳарчанд медонам, ки касе ин гапро ба ман намегӯяд. Аммо ман донишҷӯ ҳастам ва имкони ҳаррӯз шустани либосро надорам. Ё хонарӯфтан вақти бештарамро мегирад. Барои ҳамин он чизҳоеро харидам ,ки барои осонии корам кӯмак кунад.»

Падари Холиса муҳоҷир буда, бовар дорад, ки имкони баргардонидани қарзашро дорад.

Сайрамби Ҳасанова, зани 63 сола, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш духтари худро ба шавҳар дод, мегӯяд, барои харидорӣ кардани ҷиҳози арӯсӣ 4000 доллар сарф карда, 1500 доллари он аз ҳисоби қарзи бонк аст. Ба қавли холаи Сайрамбӣ, азбаски синну соли духтараш ба ҷое расидааст, бинобар ин наметавонист ӯро бо ҷиҳози кам ба хонаи шавҳар гусел кунад. Зеро эҳтимол дорад ба духтараш таъна зада шавад, ки «пирдухтар шудаӣ, аммо ягон чизи хуб наовардаӣ». Аммо холаи Сайрамбӣ мегӯяд, демократия аст ва ҳар кас ҳар чизе мехоҳад харидорӣ кардан гиранд: «Ҳеҷ гап надорад, падару модар оҳиста оҳиста қарзашонро меканданд. Тӯй як бор аст, намешавад, ки бе ҷиҳози арӯсӣ духтаратро гусел кунӣ.»
Марҳабо Зунунова
Марҳабо Зунунова
Ин дар ҳолест, ки ба қавли ҷомеашиносон, бо худ бурдани ҷиҳози зиёди арӯсӣ, алалхусус бо қарз барои рушди оилаи навхонадорон баръакс зарбаи сахт мезанад. Марҳабо Зунунова, ҷомеашиноси тоҷик ва раҳбари ташкилоти «Оила ва никоҳ» бар ин аст, ки дар сурати қарз гирифта, ҷиҳози арӯсӣ харидан одамонро лозим меояд, таваккал кунанд: «Одами бо ақл на бояд қарз гирифта духтар шавҳар диҳад. Зеро дар ин ҷо одам риск мекунад. Масалан ту қарз гирифта ҷиҳози арӯсӣ мехарӣ, аммо рафту қарзатро пардохта натавонӣ маҷбур ҳасти хонаатро ба бонк диҳӣ. Ё мошин дошта бошӣ, ӯро бар ивази қарзат ба бонк диҳӣ, ҳол он ки маълум нест фарзанди ту хушбахт мешавад ё не. Ӯ чӣ қадар дар ҳамон хонавода зиндагӣ мекунад.»

Ба қавли ин ҷомеашиноси тоҷик, чизи дигаре, ки мояи нигаронӣ буда метавонад он аст, ки ҷавононро бо қарз хонадор мекунанд ва ҳатман, ки ба келин ё домод таъна мезананд, «мо ин қадар қарздор шудем ва шумо бояд то як ду соли дигар чизе нахаред. Ё хӯроки хуб истеъмол накунед». Мо барои шумо қарздор шудем, гуфта ҳар рӯз ҷанҷол мебардоранд.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли ҷорӣ гирифтани қарзҳои хурд аз ҷониби шаҳрвандон 38, 4 дарсад бештар шудааст. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт дар чор моҳи соли ҷорӣ маблағи умумии қарзҳо 8 миллиарду 419,4 миллион сомониро ташкил додааст, «Барои чӣ талабот ба қарзҳои хурд бештар аст? Барои он, ки мардум аз ӯҳдаи супоридани он баромада метавонанд. Қарзҳои калонро баргардониданаш мушкил аст. »

Ба қавли ҷаноби Қурбонов, қарзҳои хурде, ки аз ҷониби шаҳрвандон гирифта мешавад, дар канори хароҷот барои хонадор кардани фарзандон, ҳамчунин барои сафар ба хориҷа, пардохти пули шартномаи донишгоҳ ва харидории таҷҳизоти фаннӣ барои фарзандон низ харҷ мешаванд.
XS
SM
MD
LG