Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонкҳо ва ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар Тоҷикистон додани қарз бо доллари амрикоиро қатъ ва ё маҳдуд кардаанд.

Бонкҳо ва ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар Тоҷикистон додани қарз бо доллари амрикоиро қатъ ва ё маҳдуд кардаанд. Азизулло Валиев, як сокини вилояти Хатлон ду ҳафта боз аз бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ 2 ҳазор доллари амрикоӣ қарз мехоҳад, аммо гирифта наметавонад. Валиев 10 рӯзи пеш бо мошини навъи ОПЕЛ ба як мошини Мерседес бархӯрда ва як бахши мошинро корношоям кард. Азбаски садама бо гуноҳи ӯ содир шуд, даъвогар талаб дорад, ки Валиев мошини "Мерседес"-и ӯро ба маблағи 4 ҳазор доллар бихарад.

Азизулло Валиев мегӯяд, ки агар қарз бо доллар набошад, бо пули сомонӣ ӯ зиён хоҳад дид. Вай мегӯяд, ҳоло дар бонкҳо қурби доллар 6,52 сомонӣ аст ва дар сурати дар саррофии хусусӣ харидани доллар, нархи он 6,80 сомонӣ мешавад. "Аз ҳар сад доллар ман 30 сомонӣ зиён мебинам. Ҳоло ду ҳазор доллар ёфтам ва то фурӯхтани мошини худам бояд ду ҳазор доллари дигар аз бонк қарз бигирам”, - мегӯяд Азизулло Валиев.

Танҳо Азизулло нест, ки мушкилаш бо доллари амрикоӣ осон шавад. Хона, мошин ва таҷҳизоти техникӣ дар Тоҷикистон кайҳо боз бо доллар хириду фурӯш мешаванд. Аммо бонкҳои Тоҷикистон мегӯянд, маҳз ба хотири зиён надидани муштариён додани қарз бо доллари амрикоиро маҳдуд кардаанд. Дилосо Ахмедова, як масъули ташкилоти қарзии “Имон Интернешинал” мегӯяд, бинобар зуд-зуд боло рафтани қурби доллар дар қиболи сомонӣ, онҳо тасмим гирифтанд, ироаи қарзро бо доллари амрикоӣ маҳдуд кунанд. Вай гуфт, барои муштариён ҳам гирифтани қарз бо асъори хориҷӣ гарон меафтад. Вақте онҳо қарз мегиранд, курси доллар поён аст ва баъди чанд вақт қурб боло меравад ва мизоҷон дар пардохти қарз мушкилӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ин ташкилоти хурди қарздиҳӣ додани қарз бо асъори миллиро авлотар донистааст.

Бонкҳову ташкилоти қарздиҳӣ дар ҳоле пешниҳоди қарз бо доллари амрикоиро маҳдуд кардаанд, ки фоизи доллар дар Тоҷикистон ҳамеша аз сомонӣ поинтар буд. Масалан, агар фоизи солона бо пули миллӣ то 38 сомониро ташкил медод, фоизи солона бо доллар то 30 доллар мешуд. Аммо бархе масъулони ташкилоти қарзии дигар мегӯянд, як соли ахир муштариёнашон хеле кам бо доллар қарз мегирифтанд.

Нигина Деҳқонова, як масъули ташкилоти қарздиҳии “Ҳумо” мегӯяд, расман онҳо додани қарз бо долларро қатъ накардаанд, аммо муштариёни онҳо бештар бо сомонӣ қарз мегиранд. Ба гуфтаи вай, аксар муштариёни онҳо огоҳона бо сомонӣ қарз мегиранд, вале шумори онҳое, ки бо доллар қарз мегиранд, ҳамчунон зиёд аст. Вай гуфт, воқеан ҳам дарсади фоидаи қарз фарқ мекунад - бо доллар барои 8 моҳ 2,8 % ва бо сомонӣ - 3,75 % аст, гуфт ӯ

Мушкили қарздиҳӣ бо асъори хориҷӣ дар ҳоле ба миён омадааст, ки бархе бонкҳои дигар, ба мисли “Агроинвестбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон комилан аз қарздиҳӣ ба муштариён даст кашидааст. Масъулони ин бонк ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло маълум нест, ки қарздиҳӣ кай азсар гирифта мешавад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи иқтисоддонҳо дар як соли охир бинобар ба шиддат боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ, бисёр шаҳрвандон, ки аз бонкҳо бо асъори хориҷӣ қарз гирифта буданд, аз ӯҳдаи бозгардони қарзҳо набаромаданд.

Бонкҳо, ки баъзе дороиҳои муштариҳоро ба ивази қарз гирифта буданд, дар бисёр маврид онҳоро ба фурӯш бароварда натавонистанд ва зарари молӣ диданд. Баҳром Шарипов, як таҳлилгари молиявӣ мегӯяд, маҳдуд кардани қарзгирӣ бо асъори хориҷӣ дар сурати ба роҳ мондани харидуфӯш бо пули миллӣ дар дохили кишвар кори хуб аст. Вай гуфт, барои соҳибкороне, ки аз хориҷа молу маҳсулот меоранд, имкони додани қарз бо доллар бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад. Аммо дар дохил агар қурби доллар дар ҳама ҷо як бошад ва хариду фурӯш бо асъори миллӣ пурра ба роҳ монда шавад, додани қарз бо асъори миллӣ кори хубе аст. Қарзҳои асъорӣ бояд ба ҳамон тоҷире дода шавад, ки бо ҳамин асъор додугирифт дорад ва аз болову поён рафтан зиён намебинад, мегӯяд таҳлилгар.

Қурби доллар дар Тоҷикистон дар як соли охир ба таври бесобиқа боло рафт. Агар соле пеш қурби 1 доллар наздики 5 сомонӣ буд, ҳоло расман 6,52, вале ғайрирасмӣ то 6,70 сомонӣ фурӯхта мешавад. Мансур Атоев, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, як соли пеш ба маблағи 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ бо қурби 4,90 сомонӣ аз бонке қарз гирифт. Ӯ мегӯяд, ҳоло тақрибан ҳудуди 200 сомонӣ барои ҳар сад доллар бинобар боло рафтани қурби доллар барзиёд месупорад. Бонки миллии Тоҷикистон низ эътироф мекунад, ки воқеан боло рафтани қурби доллар баргардонидани қарзҳоро мушкил кардааст.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар ним соли охир ҳаҷми қарзҳои пардохтнашуда дар Тоҷикистон ба 1 миллиарду 612 миллион сомонӣ расидааст, ки аз ин ҳудуди 30 дарсадаш бо пули миллӣ ва 70 дарсади дигараш қарз бо асъори хориҷист. Асъори хориҷие, ки ҳоло дигар масъулони бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ додани онро ба муштариёнашон маҳдуд кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG