Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 4 тифли зиндаятими тоҷик аз Русия ба Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони хурдсолаш -- Мадинаву Зарагул ва Аннаву Лилияро, ки модаронашон баъд аз таваллуд аз онҳо рӯ гардондаанд, ба Душанбе фиристодааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, чаҳор тифли тоҷикро, ки модаронашон баъд аз таваллуд аз онҳо даст кашидаанд, тавассути кормандони масъули Вазорати умури дохилии кишвар ба Душанбе фиристодааст.

Муҳаммади Эгамзод, корманди масъули сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, “модаронашон дар муҳоҷират бо сабабҳои мухталиф аз ин тифлакон даст кашидаанд. Интиқоли онҳо бар асоси қоидаҳои Конвенсияи Кишинёв оид ба масъалаҳои баргардондани ноболиғон ба кишвари истиқомати доимиашон сурат гирифт.”

Ин дафъа, ба қавли Эгамзод, сафорат ба Душанбе А. Мадина (23.09.2014), Ш. Зарагул (23.09.2014), Ш. Анна (03.12.2013) ва Д. Лилия (01.03.2014)-ро интиқол додааст. “Ҳамаи ин тифлакони дӯстрӯ сиҳҳату саломатанд. Ду тан аз онҳоро кормандони мақомоти Русия дар ҳузури корманди масъули Сафорат ба намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон супориданд. Ду нафари дигарро корманди масъули Хадамоти консулгарии Сафорат дар якҷоягӣ бо намоянадгони Вазорати умури дохилӣ аз хона-кӯдакистони ноҳияи Люберетскии вилояти Маскав ва хона-кӯдакистони махсусгардонидашудаи №6-и пойтахти Русия қабул намуданд”,-иттилоъ дод ӯ.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ноболиғон ба намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таҳти роҳбарии корманди қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ин ниҳоди қудратӣ Одинаев А.М. супурда шудаанд. “Сафорати Тоҷикистон шаҳрвандони хурдсоли кишварро пеш аз бозгашт ба Ватан дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар Маскав ҷойгир намуда, онҳоро бо сару либоси гарм ва ғизо таъмин намуд. Баъдан, масъулони сафорат онҳоро то ба фурудгоҳи Домодедово бурда, тавассути хатсайри Маскав-Душанбе гусел карданд”,-афзуд Муҳаммади Эгамзод.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар солҳои гузашта мушкили марбут ба вуҷуди атфоли тоҷик дар ятимхонаҳои Русия вуҷуд надошт, аммо бо афзоиши шумори занҳои муҳоҷир дар ин кишвар ҳодисаҳои бесарпаноҳ мондани кӯдакон ҳам пайдо шудаанд. “Мо баробари пайдо шудани чунин атфол, талош мекунем онҳоро ба Ватан баргардонем. Тибқи муқаррарот, ятимхонаҳои Русия бояд Сафорати Тоҷикистонро дар бораи ба тарбияи онҳо гузаштани тифли тоҷик огоҳ кунанд. Тоҷикистон ба фарзандӣ хондани ятимони ин кишварро аз ҷониби оилаҳои хориҷӣ манъ мекунад",-таъкид кард Муҳаммади Эгамзод.

XS
SM
MD
LG