Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осори адибони тоҷик ба Интернет роҳ меёбад


Асарҳо дар сайти интернетии Иттифоқи нависандагон нашр мешавад

Асарҳо дар сайти интернетии Иттифоқи нависандагон нашр мешавад

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шакли электронии осори шоиру нависандагони тоҷикро дар Интернет ҷо хоҳад кард.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани адабиёти тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ аз сокинони кишвар ва алоқамандони адабиёти тоҷик дар ҳар гӯшаи ҷаҳон даъват мекунад, ки асарҳои чопшударо барои ҷой додан дар сомонаи худ - www.navisandagan.tj ирсол кунанд. Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 20 август ба радиои Озодӣ гуфт, ба хотири муаррифӣ намудани адабиёти тоҷик дар ҷаҳон аз сокинони кишвар ва аз ҳар нафаре, ки алоқа ба ин осор дорад,. даъват кардаанд, ки бо адреси adibon-2011@mail.ru асарҳои адибони тоҷикро ирсол доранд.

Вай афзуд Иттифоқи Нависандагон дар сомонаи (сайти) ба тозагӣ бозшудаи ин созмон гузоштани осори адибони классику муосир ба ёрии адибон, ноширон, рӯзноманигорон ва дигар шахсони ҳавасманд ниёз дорад. Хоҳиш карда мешавад, ки нусхаи электронии асарҳои чопшударо (назм, наср, драма, тарҷума, нусха ба алифбои форсӣ, акс) ба почтаи электронӣ фиристанд. Вай афзуд дар ҳоли ҳозир беш аз 100 намунаи асарҳои шоирон, шуруръ аз устод Айнӣ то Мирзо Турсунзодаву Лоиқу Бозор Собиру Гулрухсор ва Гулназару Раҳмат Назриву дигаронро дар даст доранд ва баъди софкорӣ, яъне ислоҳ намудани бархе иштибоҳҳо, дар сомонаи Иттифоқи нависандагон гузошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG