Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши мақомот ба “вазири ҷанг” шудани Гулмурод Ҳалимов (ВИДЕО)


Гулмурод Ҳалимов (аз тарафи чап)

Гулмурод Ҳалимов (аз тарафи чап)

Ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки то чӣ ҳад муҳим будани Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати корҳои дохилиро дар ҳайати гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мушаххас кунанд.

Муҳаммадризо Халифазода, масъули дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 5-уми сентябр ба Озодӣ гуфт, сохторҳои қудратӣ, инчунин, вазифдор шудаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли тахрибкории Гулмурод Ҳалимов дар хоки Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешанд. ​Ин полковники тоҷик, ки аз ӯ "снайпери низомӣ" ном бурда мешавад, солҳои 2003-2014 дар давраҳои омӯзишии Амрико дар мубориза алайҳи тероризм иштирок кардааст ва Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, "ӯ ҳама роҳҳои ҷилавгирӣ ва фош кардану омода будан ба ҳамлаи террористиро хуб медонад ва аз нигоҳ хатарбор аст". Ҳоло Амрико барои мушахахс кардани маҳалли будубоши ӯ 3 миллион доллар ҷоиза ваъда додааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Нигаронии аслӣ ин аст, ки бо танг шудани мавқеи ДИИШ Гулмурод ва гурӯҳашро ба Афғонистон фиристанд...

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, барои боздошт ё безарар кардани Гулмурод Ҳалимов бо мақомоти кишварҳои гуногун метавонанд ҳамкорӣ кунанд. Як мақоми огоҳ аз парвандаи Гулмурод Ҳалимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин полковники фирории тоҷик баъди як ҳамлаи соли гузашта, ки аз сару пояш захмӣ шуда буд, то чанд муддат ба як нафари нодаркор табдил ёфта буд. Аммо, ба қавли мусоҳиби мо, ӯ бо ҷалби беҳтарин пизишкон дар моҳи апрели соли 2016 пурра шифо ёфта, раҳбари як гурӯҳи 500-нафарӣ таъин шудааст.

Ба қавли ин мақоми огоҳ, тибқи иттилои онҳо, Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз охири моҳи июл ба ҷои Абу Умар Шешонӣ, "вазири ҷанг"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" таъин шуд, вале ҳамзамон ӯро се мушовири ироқитабор ҳамроҳӣ мекунанд.

"Таъини Гулмурод ба ин мақом метавонад, шаҳрвандони бештарро ба сафи ДИИШ аз Осиёи Миёна ҷалб кунад. Хавфи дигар аз Гулмурод ин аст, ки ӯ бо таҷрибае, ки дар Тоҷикистон дошт, шояд кӯшиши амалҳои террористӣ дар хоки Тоҷикистонро бикунад. Нигаронии аслӣ ин аст, ки бо танг шудани мавқеи ДИИШ Гулмурод ва гурӯҳашро ба Афғонистон фиристанд. Дар ин сурат, хатари Гулмурод ва гурӯҳаш ба кишварҳои Осиёи Миёна бештар хоҳад шуд,” - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Бобоҷон Қарабоев

Бобоҷон Қарабоев

Бобоҷон Қарабоев, ҷавони тоҷике, ки бо эҳсоси пушаймонӣ соле пеш аз Сурия ба Тоҷикистон баргашта буд, рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҷое медонад, дар сохтори ДИИШ танҳо афроде мақоми баланду фармондеҳиро мегиранд, ки амалиётро хуб тарҳрезӣ карда тавонанд.

Ӯ гуфт, “барои онҳо тарҳрезии амалиёт хеле муҳим аст. Дар он ҷо агар амироне, ки нақшаҳои кашидаашон бо муваффақият анҷом ёбад, онҳоро вазифаи баландтар медиҳанд ва ё шумораи муҷоҳидонашонро бештар мекунанд. Замоне ки дар онҷо будам, Гулмурод мисли як сарбози оддии ДИИШ таълими ақидавӣ мегирифт. Фикр мекунам, ӯро ба хотири тарҳрезиҳои амалиёт “вазири ҷанг” мондаанд.”

Рӯзи 3 сентябр расонаҳои Ироқ аз қавли як манбаи амниятӣ дар вилояти Найнаво гузориш доданд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимовро ба ҷои Абу Умари Шешонӣ, фармондеҳи низомии ин гурӯҳ таъин кардааст.

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ гуфт, яке аз ин машқҳояш дар аёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин иддаои Ҳалимовро таъйид карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG