Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз аксари соҳибони нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва кислород хостаанд, ки пеш аз фурӯхтани газ дар балонҳои алоҳида ному насаб ва макони истиқоматии муштариро дар дафтари алоҳида сабт кунанд.

Шералӣ Қобилов, як масъули нуқтаи фурӯши гази моеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, рӯзи 5 август ба Озодӣ гуфт, ин таъкид ба сокиноне рабт дорад, ки дар балонҳои андозаашон аз 5 то 50 литр гази моеъ харидорӣ мекунанд.

“Аз муштариёни шубҳанок ба пулис хабар диҳед”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ду соли охир аз панҷ талоши пиёдасозии амали террористӣ дар қаламрави кишвар ҷилавгирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, тарҳрезони ин амалҳо ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” буданд, ки мехостанд бо истифода аз балонҳои газ ва кислород, чанд бинои маъмурӣ, бо шумули бинои пулисро, битарконанд.

Шералӣ Қобилов, масъули фурӯши нуқтаи гази моеъ мегӯяд, нозирони милиса ҳамчунин таъкид карданд, ки дар сурати ошкор шудани харидори шубҳанок, ки ду ва ё аз он бештар аз ин балонро аз газ пур мекунад, пулисро огоҳ кунанд. “Моҳе пеш нозири минтақавӣ ба назди мо омад ва гуфт, ҳар нафаре, ки миқдори зиёди газ мегирад, номнавис кунем ва телефону суроғаашро ҳам сабт кунем. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, барои сабти номи одамони шубҳанок дафтари алоҳида боз кунем, Ҳар моҳ омада, дафтари моро тафтиш мекунанд, ки дар ҳақиат номи муштариёнро менависем ё не,”- мегӯяд Шералӣ Қобилов.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, маъмулан дар фасли сармо, ки реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад, харидорони гази моеъ афзоиш меёбанд. Ҳарфи ин мардро чаҳор тан аз фурӯшандагони нуқтаҳои дигари фурӯши гази моеъ низ тасдиқ карданд. Онҳо мегӯянд, ин як масъулияти дигарест, ки бар дӯшашон бор шудааст, аммо ба хотири фаъолияти бе нуқс, гуфтаи пулисро иҷро мекунанд.

Шариф Боронов, як таъмиргари мошинҳои сабукрав дар Душанбе, гуфт, ҳоло ба хотири харидани кислород, ки онро ҳангоми пайваст кардани таҷҳизоти шикаста истифода мекунанд, фурӯшандагон аз онҳо ҷузъиёт мепурсанд. Ӯ гуфт, хавф аз он дорад, ки ин раванд дар ниҳоят ба боло рафтани нархи кислороду газ сабаб мешавад.

Огоҳии ҷомеа барои ҷилавгирӣ аз тахрибкорӣ

Нусратулло Саидов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 5 август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина ягон супориши хос содир нашудааст, аммо нозирони минтақавӣ дар доираи салоҳияту вазифаҳои худ ба хотири ҷилавгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳо метавонанд, чунин сӯҳбатҳо анҷом диҳанд. Ӯ гуфт, “ин ҳам як навъ чораҳои пешгирӣ ва огоҳкунанда ба хотири амнияти ҷомеа метавонад бошад. Мақсад таъмини тартиботи ҷомеа ҳаст, ки нозирони минтақавӣ дар доираи салоҳияти худ онро анҷом медиҳанд.”

Зоҳиран номнависии харидорони гази моеъ ва кислород дар Тоҷикистон яке аз роҳҳои дигар аст, ки дар сурати вуқӯи ҳодисае пулис афроди шубҳанокро дар қадами аввал тафтиш кунад. Дақиқан, як соли пеш мақомот Бобоҷони Раҷабалӣ ва Садриддин Ҷабборов, ду шаҳрванди кишварро боздошт карданд, ки барои таркондани чанд бинои Шуъбаи умури дохилӣ даҳ балони кислород омода карда буданд.

Аз сӯи дигар тасдиқи иддаои мақомот дар робита ба боздошти афроде, ки тариқи балонҳои газу кислород мехостанд, биноеро битарконанд, мушкил аст, зеро мурофиаҳои додгоҳии онҳо пӯшида баргузор шуда, ҷузъиёти он дастари хабарнигорон намегарданд.

Аз қадамҳои техникӣ то қадамҳои мантиқӣ

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои ифротгароӣ бештар тадбирҳои техникӣ меандешад. Ӯ гуфт, “қадамҳои техникӣ маъмулӣ ва барои ҷилавгирӣ аз талошҳои террористон як кори ибтидоӣ аст. Албатта, ин хуб аст, аммо муҳимтар ислоҳоти сохторӣ ва кори ташвиқ бо сокинон самарбахштар аст. То ҳадди имкон андешаи тахрибкориро аз зеҳни сокинон бояд дур кард, он гоҳ тадбирҳои техникӣ дуюмдараҷа мешаванд. Вақте дар зеҳни сокинон ин андеша тағийр наёбад, онҳо ҳатман барои амалӣ кардани мақсадҳои худ роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ мекунанд”.

Тайи се соли охир беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд. Дар дохили кишвар низ ҳамасола даҳҳо тан бо гумони узвият дар гурӯҳҳои тундрав боздошт мешаванд, ки ба гуфтаи мақомот дар сар андешаи тахрибкорӣ доранд.

Мақомоти Тоҷикистон низ мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои тахрибкорӣ ва суботу оромӣ аз ҳар гуна шеваҳои қонунӣ кор хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG