Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот: Арзёбиҳои Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ мунсифона нест


Тоҷикистон дар гузориши марбут ба шукуфоӣ

Тоҷикистон дар гузориши марбут ба шукуфоӣ

Вазорати рушди иқтисод арзиёбиҳои созмонҳои байналмилалиро дар робита бо вазъи иқтисодии Тоҷикистон "ғайримунсифона" номидааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, ки раддабандиву арзиёбиҳои созмону ташкилоти байналмилалӣ, ки иқтисоди Тоҷикистонро аз паҳлӯҳои гуногун баҳогузорӣ мекунанд, мунсифона нестанд. Аз ин рӯ, Вазорати иқтисод ва савдо бахши “ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалиро” аз тарҳи стратегияи рушди кишвар ҳазв кардааст. Ба таъиди масъулон, мақсади вазорат на дар мақоми аввали ин раддбандиҳо қарор додани кишвар, балки беҳ кардани сатҳу сифати зиндагии мардум аст.

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи 4 феврал дар ин робита гуфт: “Барои мо раддабандӣ муҳим нест. Барои мо муҳим аст, ки сатҳу сифати зиндагии мардумро беҳ созем. Ин раддабандиҳо аксаран субъективӣ буда, мунсифона нестанд. Масалан, як гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ, ки мо бо онҳо дар мавриди таҳияи стратегияи рушд сӯҳбат доштем, гуфтанд, ки мавқеи Қирғизистон дар шохиси Transparency International аз дигар кишварҳои минтақа боло буд. Чунки яке аз коршиносоне, ки ин шохисро таҳия мекард, завҷааш аз Қирғизистон будааст. Замоне, ки коршинос аз ин созмон рафт, мавқеи ин кишвар дар ин раддабандӣ тағйир ёфт”.

Ҳар сол созмону ташкилоти гуногуни байналмилалӣ вазъи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро аз рӯи шохису нишондодҳои мухталиф арзёбӣ карда, мақоми онро дар байни кишварҳои олам муайян месозанд. Маъмултарин гузоришҳо марбут ба шароити пешбарии тиҷорату бизнес, озодиҳои иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва фасоди молӣ, вазъи сиёсӣ ва озодиҳои матбуот ва ғайра мебошанд. Умдатан Тоҷикистон дар ин гуна раддабандиҳо мақоми хуберо ишғол намекунад ва аз рӯи аксар нишондодҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи охиринро ишғол мекунад.

Зоҳиран маҳз дар мақомҳои охирин қарор гирифтани Тоҷикистон мақомоти кишварро нигарон кардааст, ки ҳамкнун Вазорати рушди иқтисод ва савдо ингуна арзёбиҳои созмону ташкилоти байналмилалиро дар нисбати Тоҷикистон аксаран ғаразнок хонда, таъкид мекунанд, ки минбаъд ба ин гуна раддабандиҳо эътино нахоҳанд кард. Аммо коршиносон баҳогузорӣ ва раддабандиҳои гуногунро барои ҷалби сармоя ва қарзҳои имтиёзнок ба кишвар ниҳоят муҳим медонанд. Ба таъкиди эшон, то мавқеи Тоҷикистон дар ин гуна раддабандиҳо боло наравад, ҷалби сармояҳои қобили мулоҳиза ба қишвар ғайриимкон хоҳад буд.

Ҳаким Давлатёров, хабарнигоре, ки масоили иқтисодиро пӯшиш дода бо мӯҳтавои аксарияти ин раддабандиҳо ошност, мегӯяд, ҳар давлат ва ё ширкате, ки нияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро дорад, нахуст ба мавқеи кишвар дар ин раддабандиҳо таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Вай гуфт: “Раддабандиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сарчашмаи иттилоъ барои сармоягузорони хориҷиянд. Сармоягузорони хориҷӣ бо назардошти мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандиҳо тасмим мегиранд, ки дар ин кишвар сармоягузорӣ кунанд ва ё не. Чанд сол пеш худи раисҷумҳур низ ба мақомот супориш дода буд, ки барои пешбурди мақоми кишвар дар ин гуна раддабандиҳо чора андешанд”.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, чанд сол қабл замоне, ки Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар раддаи 10 кишвари ислоҳотгар шомил кард, мақомот инро ҳамчун як дастоварди хеш арзёбӣ мекарданд. Аммо ҳоло, ки мавқеи кишвар дар ин раддабандиҳо чандон хуб нест, онро ғаразноку беаҳмият мехонанд, иброз дошт Давлатёров. Тоҷикистон ҳар сол зери заррабини таҳлилгарони даҳҳо созмону ташкилоти байналмилалӣ қарор мегирад, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварро аз рӯи шохисҳои мухталиф арзёбӣ мекунанд.

Раддабандии Doing business ва ё Пешбурди тиҷорат ва шохиси пазириши ришват, ки аввалӣ аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва дуввуми аз сӯи Transparency International – “Шаффофияти байналмилалӣ” таҳия мешавад, аз маъруфтаринҳост. Бинобар арзёбиҳои охирини ин ду созмон, Тоҷикистон дар раддабандии аввал миёни 189 кишвар мақоми 166−ум ва аз рӯи шохиси пазириши ришват аз миёни 168 давлат дар мавқеи 136−ум қарор гирифт. Ахиран The Heritage Foundation ва ё “Бунёди Мерос”, қароргоҳаш дар Амрико гузориши “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ дар соли 2016”-ро нашр кард. Муаллифони ин гузориш, ки 178 кишварро таҳқиқ кардаанд, Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои иқтисодашон "асосан ғайриозод" ва дар мақоми 149-ум ҷой додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG