Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди гузориши Озодӣ. Маоши роҳсозони қитъаи Шоҳон - Зиғарро доданд


Дар пайи нашри гузориши Радиои Озодӣ мақомот ба пардохти маоши коргарони қитъаи роҳи Шоҳон - Зиғар шурӯъ кардаанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи сешанбе роҳсозони қитъаи Шоҳон - Зиғар музди худро дарёфт карданд ва ҳоло кор дар ин қитъа ба таври маъмулӣ идома дорад. Тақрибан як ҳафта боз ҳудуди 160 нафар аз роҳсозони маҳалии ин тарҳ, бинобар таъхир дар пардохти музди панҷмоҳаашон даст ба коршиканӣ зада буданд.

Исмонқул Шоҳқулов, раиси Маркази татбиқи тарҳи роҳи Шоғон-Зиғар рӯзи 17 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳудуди 370 ҳазор сомонӣ маблағи Бонки исломии рушдро оварда, ба коргарон тақсим карданд ва дигар масъалаи норасоии музди кори коргарон намондааст. Оқои Шоҳқулов гуфт, онҳо дар пайи нашри хабарҳо дар бораи коршиканӣ аз ҷумла дар Озодӣ, ба ҳалли мушкили маоши коргарони ин қитъаи роҳ пардохтаанд.

Вай гуфт, ки ҳудуди 2 моҳ коргарон бинобар мушкили фаннӣ натавонистанд маоши худро дарёфт кунанд ва акнун бо ҳал шудани масъалаҳои мавҷуда, коргарон музди худро дарёфт карданд: «Навад дарсади коргарони ин сохтмон бачаҳои маҳаллиан ва фақат масъулони он мутахассисони ширкати «Собир»-и Эрон мебошад.»

Аммо ду нафар аз коргарони ин қитъаи роҳ ба Озодӣ гуфтанд, ки онҳо танҳо маоши якмоҳаашон ва он ҳам маоши моҳи мартро дастрас кардаанд. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, раҳбарон ба онҳо ваъда додаанд, ки боқӣ музди корашонро дар давоми 10-15 рӯзи оянда пурра пардохт хоҳанд кард.

Исмонқул Шоҳқулов, раиси Маркази татбиқи тарҳи роҳи Шоғон-Зиғар гуфт, ҳоло коргарон ба марҳилаи дуввуми сохтмони роҳ ба мумфараш кардани он машғул хоҳанд шуд. Вай афзуд, дирӯз ба маҳалли ин сохтмони ду булдозери нав оварда шуд ва интизор меравад то моҳи август сохтмони он пурра ба анҷом расад ва дар ифтитоҳи ин қитъаи роҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кунад.

Се рӯз қабл ҷаноби Шоҳрухӣ, раиси ширкати эронии «Собир» ба радиои "Озодӣ" гуфта буд, ки азбаски тайи се моҳи ахир аз тарафи Бонки исломии Рушд, ки сармоягузори тарҳи сохтмони Шоҳон-Зиғар аст, маблағ дарёфт нашудааст, дар пардохти музди коргарон таъхир ба амал омад. Ҷаноби Шоҳрухӣ гуфт, то ҳол чунин мушкиле дар муддати 6 соли фаъолият пеш наомада буд, аммо маҳз бюрократия дар ҳуҷҷатгузорӣ аз ин бонк мунҷар ба он шудааст, ки коргарони маҳаллӣ маоши худро дастрас карда натавонанд.

Кормандони ин қитъаи роҳ мегӯянд, ки маҳз мушкили пардохт нашудани маош онҳоро водор кард, ки то даст ба коршиканӣ бизананад. Онҳо мегӯяд, ки таъхир дар пардохти маош аз ҷониби ширкат барои бори аввал нест ва охирин бор моҳи феврал дастмузди худро дарёфт кардаанд.

Ба иттилоъи масъулони ширкати «Собир», дар ин қитъаи роҳ 160 коргари маҳалӣ фаъолият мекунанд, ки бештари онҳо сокинони ноҳияҳои Шӯроободи вилояти Хатлон ва Дарвози Бадахшон мебошанд.

Қитъаи роҳи Шоғон - Зиғар аз минтақаҳои душворгузари шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб - Дарвоз - Қулма - Қароқум мебошад, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад ва як ҷузъи калидии барномаи стратегии аз бунбасти иртибототӣ баровардани Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG