Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз ду варзишгари тоҷик ба Рио мераванд


Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина

Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина

Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, варзишгарони Тоҷикистон, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти шиноварӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар ин бора Ҳайдар Иброҳимов, раиси Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, рӯзи 12 июл ба Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, "аз Федератсияи байналмилалии шиноварӣ нома гирифтем, ки дар он гуфта мешавад ба ду варзишгари Тоҷикистон - Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов – барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия иҷозат дода шудааст. Ҳарду дар мусобиқот оид ба шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр иштирок хоҳанд кард."

Ба гуфтаи Иброҳимов, ҳарду қаҳрамонҳои бисёркаратаи Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ маҳсуб мешаванд. Соли гузашта Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар шаҳри Қазони Русия ширкат доштанд.

Бояд гуфт, дар Олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистонро дар намуди шиноварӣ танҳо як варзишгар – Катерина Измайлова – намояндагӣ карда буд.

Ба ин тартиб, то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи иштирок дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд. Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - дар риштаи ҷудо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.

Инчунин Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 гардидааст. Вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

XS
SM
MD
LG