Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирӯз Баҳор. "Душанбе рӯҳи ман, ишқи ман аст". ВИДЕО


Фирӯз Баҳор, оҳангсози маъруфи тоҷик.
Фирӯз Баҳор, оҳангсози маъруфи тоҷик.

Оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор, ки 22 сол қабл кишварро тарк карда буд ва ҳоло дар Берлин - пойтахти Олмон, зиндагӣ дорад, имсол ба синни 75 мерасад. Фирӯз Баҳор гуфт, замоне, ки Душанберо ба хотири Берлин тарк мекард, мусаввара ва тӯҳфаҳои дӯстонро бо худ овард ва ин ашё дару девори хонаашро зеб медиҳанд.

“Ин ҳама нишоне аз ватан, нишоне аз дӯстон ҳастанд. Ҳар вақт ба ин мусаввараву тӯҳфаҳо менигарам, дарҳол Тоҷикистону Такоб, номи Дод Абдусамадов, Муруввватбек Назаров, Лола Пӯлодова ва дигарон ба ёд меоянд”, -нақл кард ӯ.

Фирӯз Баҳор аз оҳангсозони шинохтаи тоҷик аст, ки маъруфтарин асараш достони симфонии “Мароқанд” ном бурда мешавад. Ӯ соли 1942 дар Душанбе ба дунё омада, солҳои аввали зиндагиаш дар Маскав гузаштааст. Падару модараш баъд аз хатми таҳсил ба Тоҷикистон омада, чун сарояндаи опера ном бароварданд. Модараш Мулук Баҳор аз насли аввали занҳои ҳунарманди Тоҷикистони Шӯравӣ буд ва падараш бори аввал гимни Тоҷикистонро сурудааст.

“Зиндагӣ ҳамин аст. Вақте одам зинда ҳаст, кор мекунад ва дар миёни дӯстону одамон аст. Аммо вақте мемирад, номи ӯро аз ёд бурдан мумкин аст. Модарам дар Театри опера ва балети Душанбе беш аз 60 опера иҷро карданд ва ҳоло дар ин театр ҳар кас номашонро медонад. Ҳамаи мо ҳам мемирем. Фақат Худо медонад, ки дар ин дунё чӣ мемонад, чӣ намемонад”,- гуфт ӯ.

Фирӯз Баҳор баъд аз хатми Донишкадаи педагогии ба номи Гнесинихи шаҳри Маскав, соли 1971 ба Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд дохил шуда, онро бо ихтисоси оҳангсоз хатм намуд. Вай мегӯяд, барои онки мехост композитори тоҷик шавад, аз Тошканд ба Душанбе баргашт.

Ӯ овони зиндагиаш дар Тоҷикистонро давраи аз нигоҳи эҷодӣ серҳосил номида, таъкид кард, ки маҳз рангорангии мусиқии мардумӣ ва муҳити созгор барои ӯ илҳомбахш буд. “Ҳама солҳои эҷодӣ дар Тоҷикистон буд. Солҳои ҷавонӣ дар Тоҷикистон буд. Албатта, ин беҳтарин рӯзҳои ҳар як одам аст. Ман ёд мекунам”, - таъкид кард Фирӯз Баҳор.

Фирӯз Баҳор. 22 соли зиндагӣ дар Олмон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:44 0:00

Фирӯз Баҳор асари мусиқии наве бо номи “Умари Хайём” офаридааст, ки умед дорад имкони ба саҳна гузоштани ин операро пайдо хоҳад кард. Ин асар бо забони тоҷикӣ навишта шудааст ва мехоҳад, онро дар Душанбе ба саҳна бигузорад.

Фирӯз Баҳор 22 сол мешавад дар Олмон, дар шаҳри Берлин бо ҳамсараш Эрна Гейзер зиндагӣ мекунад. Ягона фарзандаш Бежан дар Маскав аст ва аз ӯ ёдгорие низ дар ин хона нигаҳ медорад, ки мусаввараи духтари ӯст. Ҳанӯз ҳам бо вуҷуди тағйири макон ва муҳит асарҳои ӯ тобишҳои тоҷикона доранд ва бо таассуф гуфт, ки барои онҳо иҷрокунандаи хуб пайдо накардааст. Гоҳҳо таронаҳояшро бо овози ба қавли худаш “пирона” замзама мекунад.

Фирӯз Баҳор бо ҳамсари худ, Эрна Гейзер баъди фориғ аз корҳои эҷодӣ, ки намунае аз онро беҳтарин ҳунармандони Олмон менавозанд ва аз тариқи радио пахш мешаванд, сари дастархони тоҷикӣ нишаста, Душанбеи худро ба ёд меоранд.

XS
SM
MD
LG