Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Тоҷикистон: "Видеои латукӯб як иғвост"


Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, наворе, ки ҳамчун латукӯби сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ задааст, нав нест ва ба қувваҳои мусаллаҳои Тоҷикистон рабт надорад.

Вазорати дифои Тоҷикистон мансубияти видеои латукӯби сарбозонро аз тарафи як куҳнасарбоз ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рад кард. Сухангӯи вазорат Фаридун Маҳмадилиев ба Радиои Озодӣ гуфт, "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар миёни сарбозони артишро тақрибан аз байн рафтааст. Вай афзуд, ба воқеият доштани саҳнаҳоио ин видео шубҳа дорад, зеро ба гуфтаи ӯ, "шароит дар артиш солҳои охир ба ҳадде тағийр кардааст, ки дигар кӯҳнасарбозон ба чунин амал роҳ намедиҳанд."

Ба қавли сухангӯи Вазорати дифоъ, ҳамарӯза аз ҷониби масъулони қисмҳои низомӣ ва дар санҷишҳои алоҳида аз тарафи додситонии ҳарбӣ бо сарбозон сӯҳбат ва вазъи сиҳатии онҳо санҷида мешавад. "Дар сурати ошкор шудани изи зарбу лат дар бадани сарбозон додситонии низомӣ фавран тафтишро оғоз мекунанд," -- гуфт ӯ.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки як видеои нав, ки аз мавриди латту кӯби сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳикоят мекунад, рӯзи 30 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои тунди корбарон рӯбарӯ шуд. Афроди огоҳ мегӯянд, ин видео марбути соли 2008 аст, аммо тоза ба интернет роҳ ёфтааст.

Дар ин навор дида мешавад, як кӯҳнасарбоз 5 нафари дигарро бо мушту лагад "дарси адаб" медиҳад. Ҳарчанд сифати видео хеле паст аст ва тавассути телефон сабт шудааст, аммо дар он баъзе аз сӯҳбатҳо бо забони тоҷикӣ шунида мешавад. Дар ҷое аз ин видео кӯҳнасарбоз аскарони аз худаш хурдтарро бо зарби пой ба тарафи шикаму пушташон зада ва таъкид мекунад, ки "то кай аз пушти Шумо гап шунавам?"

Пахши ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон вуҷуди "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар миёни сарбозони артишро тақрибан як амали аз байнрафта медонанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки то ҳанӯз ин видеоро тамошо накардааст, ба воқеияти он шубҳа дорад, зеро ба гуфтаи ӯ, шароит дар артиш солҳои охир ба ҳадде тағийр кардааст, ки дигар кӯҳнасарбозон ба чунин амал роҳ намедиҳанд.

Ба қавли сухангӯи Вазорати дифоъ, ҳамарӯза аз ҷониби масъулони қисмҳои низомӣ ва дар санҷишҳои алоҳида аз тарафи додситонии ҳарбӣ бо сарбозон сӯҳбат ва вазъи сиҳатии онҳо санҷида мешавад. "Дар сурати ошкор шудани изи зарбу лат дар бадани сарбозон додситонии низомӣ фавран тафтишро оғоз мекунанд," -- гуфт ӯ.

Дилрабо Самадова, масъули созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки бештар аз ҳаққи сарбозон дифоъ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин видеоро тамошо кардааст ва тасмим дорад, онро барои тафтиш ба додситонии низомӣ супорад. Ӯ мегӯяд, ҳоло қазоват кардани он ин видео кай сабт шудааст ва воқеият дорад ё на, барвақт аст.

"Аз аввали сол ду ҳолати латту кӯби сарбозон аз ҷониби ҳамхидматонашон сабт шудааст, ки онҳоро мақомот санҷидаанд. Ҳоло хулоса кардан мушкил аст, ки ҳолатҳои латту кӯб кам ё зиёд шудааст. Мо моҳе пеш ба як қисми ҳарбӣ ворид шуда будем. Воқеан, шароит хуб буд ва сарбозон ҳам шикояти ҷиддӣ надоштанд, аммо ин як қисми ҳарбӣ буд," -- мегӯяд Самадова.

Созмони "Дафтари озодиҳои шарҳрвандӣ" пас аз чанд соли талош ахиран ба ворид шудан ба қисмҳои ҳарбӣ ва шинос шудан бо шароити зисти сарбозон дастрасӣ пайдо кардааст. Дилрабо Самадова мегӯяд, шароити зисти сарбозон, воқеан, нисбат ба чанд соли пеш тағийр ёфтааст: "Сӯҳбатҳои озод ҳам доштем, аммо сарбозон ҳолатҳои латту кӯбро рад карданд. Ба фикри ман, дар ҳақиқат дар баъзе қисмҳои ҳарбӣ ин гуфтаҳо воқеият дорад, вале дар бархеи дигар ба фикри ман то ҳанӯз чунин ҳолатҳо ҷой дорад."

Баъзе аз сарбозоне, ки тоза аз хидмати ҳарбӣ раҳо шудаанд, ҳолатҳои латту кӯб аз ҷониби кӯҳнасарбозонро рад мекунанд, аммо бархе мегӯянд, ҳанӯз дағалгуфторӣ ҷой дорад. Парвиз Соҳибов, ки тоза хидмати ҳарбиро хатм кардааст, мегӯяд, худи ӯ умуман аз ҷониби ягон афсар ва ё кӯҳнасарбоз давоми ду сол латту кӯб нашудааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, бисёре аз кӯҳнасарбозон мехоҳанд, сарбозони навдаъватшударо латту кӯб кунанд, аммо аз тарс ба ин кор роҳ намедиҳанд

Ин ҷавон баъди аз тамошои видеои латту кӯби сарбозон, ки тоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, гуфт, аз рӯи пӯшидани сару либос ин видео шояд солҳои 2008 сабт шуда бошад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, чунин сарпӯши сарбозон ва либоси онҳо то соли 2008 дар артиши Тоҷикистон пӯшида мешуд ва ҳоло либоси сарбозон каме аз он либосҳо тафовут дорад.

Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони солими аз 18 то 28-сола ҳатмӣ дониста шудааст ва ҳамсола дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавонон ба сафи артиш ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG