Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари дар ноҳияи Носири Хусрави Тоҷикистон дар як рӯз иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бисёриҳоро ба ин андеша андохт, ки даъвати тирамоҳӣ ба як навъ мусобиқа табдил меёбад.

Баъзе аз ноҳияҳо муваффақ шуданд, дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ “рекорд” гузоранд. Манзур ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон аст, ки дар як рӯз нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба артиш иҷро намуд. Ин дар ҳолест, ки баъзе навоҳии дигар аз аввал то охири мавсим бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонанд ин нақшаро амалӣ кунанд.

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои пур кардани нақшаи сафарбаркунӣ ба артиш раисони ҳукуматҳо ба ҷавонони синни сарбозӣ ваъдаҳои “тилоӣ” медиҳанд ва мегӯянд, агар онҳо ихтиёран барои сарбоз шудан ариза нависанд, соҳиби қитъаи замин барои манзили зист мешаванд ва харҷи маъракаи арӯсияшонро мақомот бар зимма мегиранд. Гоҳе ҳатто духтарон ба майдон кашида мешаванд, то ҷавонон номус кунанд.

Аммо Баҳодур Азизов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба ҷавонон ягон хел ваъда надодаанд. Балки, ба гуфтаи ӯ, танҳо дар натиҷаи даъват ба ватандӯстӣ муваффақ шудаанд, дар як рӯз нақшаи даъватро ба анҷом расонанд. Ҷаноби Азизов меафзояд, дар ноҳияи онҳо сафарбаркунии иҷборӣ ҷой надошта, ҷавонон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ рафтаанд: “Дар ноҳияи Носири Хусрав аслан ба ҷавоне чизе ваъда надодем, худашон омаданд. Аз миёни онҳо нафарони солим ва бо қаду қомати расо сафарбар шуданд ва нақша иҷро шуд.”

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сарбозӣ вобаста ба аҳолии ноҳия мебошад. Агар дар ноҳияе, ки аҳолияш бештар аст, ҷавонони зиёдро ба сарбозӣ мефиристанд. Ноҳияи Носири Хусрав, ки 33 ҳазору 900 аҳолӣ дорад, наздики 40 тан аз ҷавононашро ба сарбозӣ фиристод ва нақшаашро ба анҷом расонидааст.

Беш аз 80 дарсади аҳолии ноҳияи Носири Хусрав узбактаборҳо ҳастанд ва ҷавононе, ки ба сарбозӣ рафтаанд, аксарашон узбак будаанд. Эргашой, як сокини узбакзабони ноҳияи Носири Хусрав, мегӯяд, ҳарчанд дурӣ аз писари 19-солааш Ашӯралӣ душвор аст, аммо дар сурати набудани шароит барои таҳсил дар донишгоҳ ва набуди ҷои кори муносиб бо пули хуб, ба сарбозӣ фиристондани писарашро беҳтар медонад ва дар иваз писараш дигар аз кормандони комиссариати ҳарбӣ пинҳон намешавад ва соҳиби шаҳодатномаи сарбозӣ мегардад.

Агарчӣ ноҳияи Носири Хусрав дар як рӯз нақшаи худро ба анҷом расонд, вале дар дигар ноҳияҳои Хатлон барои ҷалби ҷавонон ба артиш талошҳои зиёде анҷом мешавад. Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба сарбозӣ мераванд, кумакпулӣ медиҳанд. Вай афзуд, бо ҳамин васила ноҳия ҳар сол нақшаро бо сари баланд иҷро мекунад: “Даъват сар шуд, мо хона ба хона гашта “кӯлчагазон” кардем ва ҷавононро дастгирӣ мекунем. Ба хонаводаҳояшон кумак расонда, нақшаро бо сари баланд иҷро мекунем. Корҳои фаҳмондадиҳиро бештар анҷом медиҳем, ки ин як роҳи ҷалби ҷавонон ба сарбозӣ мебошад.”

Юсуф Муҳаммадзода, як сокини вилояти Хатлон, ки соли пеш ду писари донишҷӯяш аз хиёбон “облава” шуда, баъдан озод гардидаанд, мегӯяд, "ваъдаи ҳукумат ба ҷавонон чизи хуб аст, аммо бо ваъда сафарбар кардани ҷавонон ба сарбозӣ маънии онро дорад, ки ҷавонон чандон моил нестанд. Хуб мешуд, боз писарони афроди мансабдор ба сарбозӣ мерафтанд, то шумораи хоҳишмандон ҳам зиёд шавад.”

Идеяи нав дар сафарбаркунии ҷавонон ба артиш баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, перезиденти кишвар дар мавриди ҷой доштани “облава” ва ё сафарбаркунии иҷборӣ дар кишвар ба миён омад, вале ҳанӯз ҷавонон барои рафтан ба сарбозӣ худдорӣ мекунанд ва волидайн барои сарбоз шудани фарзандонашон, на аз шодӣ балки бо дард мегирянд, ки чӣ шароите фарзанди онҳоро интизор аст. Намунаҳое чун Шаҳбол Мирзоев, ки аз сари ватандӯстӣ бо хоҳиши худ ба артиш рафт ва маъюб гашту то ҳоло ба муолиҷа ниёз дорад, хотири садҳо падару модарро ҳангоми даъват шудани ҷигарбандҳояшон ба хидмати ҳарбӣ ошуфта мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG