Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cадамаи тонки вазорати дифоъ дар Шаҳристон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як тонки вазорати дифои Тоҷикистон ҳангоми интиқол ба шимоли кишвар, дучори садама шудааст.

Як манбаи наздик ба вазорати дифои Тоҷикистон, ки зарурати бурдани номи худро надонист, рӯзи 7-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар авохири ҳафтаи гузашта вақте тонки навъи «Т-72»-и қисми ҳарбии «08 010»-ро ба яке аз қисмҳои ҳарбии шимоли кишвар интиқол медоданд, дучори садама шуда, нули (ствол)-и он каҷ шудааст.

Ин манбаъ гуфт, ки азбаски мошини борбаре, ки тонкро мебурд, аз дохили тарозуи IRS воқеъ дар Шаҳристон убур карда натавонист, ночор хостанд аз канори он гузаронанд, аммо бинобар мулоим будани хок, мошини борбар лағжида, танк сарозер шудааст.

Бо кӯмаки мошини борбардор тонкро дубора рӯи мошини борбар гузошта, ба қисми ҳарбии вазорати дифоъ ба вилояти Суғд интиқол доданд.

Шоҳиди айнӣ Саидамир Соҳибов, сокини шаҳри Душанбе гуфт, вақте онҳо аз Хуҷанд ба Душанбе меомаданд, шоҳиди ин ҳодиса шудаанд. Вай гуфт, ки мошинҳои зиёд дар онҷо ҷамъ буданд ва роҳи дигарро аз канори тарозуи IRS ҳамвор намуда, мошини борбарро ба роҳи мошингард оварданд.

Аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон хабари ба садама дучор шудани тонки ин вазоратро рад кард.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи шанбеи 4-уми апрел боз як тонки навъи «Т 72 »-ро ба яке аз қисми ҳарбии шимоли кишвар интиқол доданд.

Институти байналмилалии мутолаоти стратегӣ мақарраш дар Бритониё соли гузашта дар гузориши навбатиаш таҳти унвони «Тавозуни низомӣ – 2013» гуфта буд, Тоҷикистон 105 миллион доллар буҷаи низомӣ дорад ва ин маблағро асосан барои муҳимот ва модернсозии артишу милиса ва нерӯҳои марзӣ истифода мебарад.

Аз рӯи ин гузориш, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор сарбозу афсарро дарбар мегиранд ва ин кишвар ҳамагӣ 37 тонк, 23 БМП, 23 БТР, 5 тайёраву 4 чархболи вазнин ва 11 чархболи сабук дорад.
XS
SM
MD
LG