Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Тоҷикистон: 200 марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор?


Раддабандии нави "Global Firepower" бори дигар тавонмандиҳои артишҳои Осиёи Марказиро дар сархати баҳсҳо овард.

"Global Firepower" (GFP), як бунгоҳи таҳлилӣ, ки масоили марбут ба иқтидори низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар раддабандии ҷадидаш арзёбиҳои нави худро аз тавонмандиҳои низомии 106 кишвари ҷаҳон нашр ва ҳар давлатро аз рӯи нишондодҳои аҳолӣ, буҷаи низомӣ ва теъдоди техникаву аслиҳаи ҷангиаш раддабандӣ кардааст. Ин сомона бар асоси омори моҳи ноябр ИМА, Русия, Ҳинд, Бритониёи Кабир, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Ҷопон ва Туркияро аз рӯи ҷамъият, буҷаи низомӣ, дастрасӣ ба техникаи навтарини низомӣ ва нишондиҳандаҳои дигар дар ҷумлаи 10 қудрати низомии ҷаҳон ном бурдааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин феҳраст дар мақомҳои пойинтар қарор доранд ва баландтарин мақом дар миёни онҳо ба Ӯзбакистон дода шудааст, ки ҷои 54-умро дар байни 106 кишвар ба худ ихтисос додааст. Дар пай Қазоқистон бо мақоми 66, Қирғизистон – 78, Тоҷикистон – 81 ва Туркманистон дар ҷои 90-ум ҷой гирифтаанд. Наздиктарин ҳамсояи дигари Тоҷикистон – Афғонистон дар мақоми 102-юм қарор гирифт.

Дар гузориши мазкур гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион аҳолиаш, беш аз 3 миллион фарди қобили хизмат дорад, буҷаи дифоиаш 75 миллион доллар ва қарзи берунааш – беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин кишвар 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 10 тӯпхона ва 3 шабакаи мушакандоз дорад. Шумори умумии ҳавопаймоҳояш 25 адад, аз миёни онҳо 15 ҳавопаймои боркаш ва 4 ҳавопаймои таълимӣ, чархболҳо, аз ҷумла чархболҳои ҷангиаш 26 адад аст.

Дар қиёс бо Ӯзбакистон

Дар қиёс, вазъи Ӯзбакистон – кишваре, ки бо нишондодҳои низомиаш

Низомии Ӯзбакистон
Низомии Ӯзбакистон

дар минтақамақоми аввалро дорад, беҳтар ба назар мерасад. Ин ҷумҳурӣ бо наздики 29 миллион ҷамъияташ, беш за 13 миллион аҳолии қобили хизмат дорад. Буҷаи низомиаш 70 миллион доллар ва қарзи берунааш беш за 8,7 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ин кишвар соҳиби 165 ҳавопаймо, 90 чархбол, аз ҷумла чархболи низомӣ буда, ҳавопаймоҳои нақлиётиаш 49 адад, фурудгоҳҳои фаъолаш 53ва тонкҳояш 420 адад ҳисоб шудааст.

Артиши Осиёи Марказӣ – мероси даврони шӯравист

Таҳлилгари низомӣ Абдулло Ҳабибов мегӯяд, ки дурустии ин оморро бояд масъулини вазорати дифоъ бисанҷанд. Вале ин ки Ӯзбакистон аз назари нишондодҳои низомиаш як кишвари бузургу қавитаре назар ба Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои минтақа ба назар мерасад, сабабҳои объективӣ дорад. Вай гуфт, Тошканд, ки дар давраи шӯравӣ маркази Ҳавзаи низомии Туркистон (Туркестанский военный округ) буд, меросбари ҳамон силоҳу техникаи низомии сохти шӯравие шуд, ки барои тамоми минтақа хидмат мекард. Тоҷикистон баъди касби истиқлол, ба гуфтаи ӯ,аз мероси низомии ШӮравӣ чизе набурд ва бунёди артиш ва ҳам захираҳои низомии худро аз сифр шурӯъ кард. Вай гуфт, солҳои охир кӯмаки низомии Русия ба Тоҷикистон чашмрас шудааст ва тибқи қарордоди ду ҷониб, дар сурати зарурӣ, ҳатто пойгоҳи 201 Русияҳам бо 7000 сарбозаштавони кӯмак ба нирӯҳои Тоҷикистонро хоҳад дошт.

Ба ин савол ки то куҷо Тоҷикистон бо тавонмандии низомии феълие, ки

Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов

дорад, метавонад ба чолишҳои эҳтимолии замони нав вокуниши сареъ нишон диҳад? - Абдулло Ҳабибов гуфт, дар оянда тавонмандии нирӯҳои Тоҷикистон на аз лиҳози шумор ё адад, балки аз ҷиҳати сифат беҳтар хоҳад шуд. “Аз сӯи дигар, бояд гуфт, ки дар сурати сар задани кадом ҳодисае, кишварҳои хурди мисли Тоҷикистону Ӯзбакистону Қирғизистон дар гурӯҳи қудратҳоеамал хоҳанд кард, ки ҳампаймони онҳо мебошанд. Чунин принсип ҳам дар шарту шурути Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳам зикр шудааст, ки дар сурати сар задани ҳодисае, нирӯҳои фавқулоддаи ин кишварҳо даст ба кор хоҳанд шуд. Манзур ин аст, ки Русия ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки вазъи Тоҷикистон, як кишвар, ки дар доираи манфиатҳои стратегиаш қарор дорад, халалдор шавад. Барои Русия оромии Тоҷикистон хеле муҳим аст,” - гуфт Ҳабибов.

Амалиёти Назарзода - зарба аз пушт буд

Сохторҳои интизомии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 давоми 12 рӯз – аз 4 то 16 сентябр зидди афроди мусаллаҳи ба раҳбарии собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ҷангиданд. То куҷо вокуниши сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ин ҳодиса сареъ ва дуруст буд, дар ҳоле ки дар рӯзи аввали ҳамлаи ин афрод якбора 9 корманди ҳифзи

Генерал Назарзода дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуд
Генерал Назарзода дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуд

ҳуқуқ кушта шуданд? Абдулло Ҳабибов гуфт: “Зарбае, ки аз ҷониби ин гурӯҳ зада шуд, онро зарба аз пушт ҳисоб кардан даркор. Яъне ҷонишини вазири дифоъ кӯшиши табаддулот кард. Вале Тоҷикистон имрӯз дигар Тоҷикистони солҳои 1990-2000-ум нест, дар ин ҷо қудрат ҳаст, мардум дар Тоҷикистон қариб якфикра шудааст. Мардум тарафдори халалдор кардани вазъи ороми давлат нест. Ҳатто одамҳое, ки ӯ дар гирдаш ҷамъ карда буд, зуд парешон шуданд. Шикасти Назарзода ҳам дар ҳамин аст". Ҳабибов гуфт, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки нирӯҳои қудратии Тоҷикистон тавонистанд дар фурсати кӯтоҳ ин амалиётро анҷом диҳанд ва тамоми ширкатдорони ин ҳодисаро боздошт ё хунсо кунанд.

“Артишҳои Осиёи Марказӣ заъифанд”

Александр Голтс, муовини сардабири маҷаллаи “Ежедневный журнал” ва таҳлилгари низомӣ, тавонмандии низомии кишварҳои Осиёи Марказиро “хеле заиф” қаламдод кард ва гуфт, пеш аз ҳама масъала дар кӯҳнаву фарсуда будани тамоми муҳимоти ҷангии ин кишварҳо аст, ки ҳама мероси шӯравӣ мебошанд. Навтарини ин фанновариҳо, мегӯяд ӯ, 30 соли пеш истеҳсол шудааст.

“Системаи омодагии ҳарбие, ки ин кишварҳо доранд, аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст. Артиши амалкунандаи ин кишварҳо

Александр Голтс
Александр Голтс

ғайрипрофессионалӣ аст, ихтиёрӣ нест ва низомиён маҷбурӣ хизмат мекунанд. Ин чиз хоси ҳама режимҳои худкома аст. Барои ҳамин ҳам,бо дили пур гуфта намешавад, ки дар ҳолати сар задани таҷовузи хориҷӣ, онҳо то мурдан ба ҳимояи марзу буми худ меистанд,” - гуфт Голтс.

Вай мегӯяд, эҳтимоли сар задани ҳар гуна ихтилофҳои низомии миёни Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистонро дар шароити ҳозира набояд сарфи назар кард. Илова ба ин, гуфт ӯ, дар ҳолати сар задани таҳдидҳои беруна, дар сурати бозгаштиэҳтимолии ҷангиён аз Сурияву Ироқ, ин бозгашт аз роҳи Афғонистон сурат мегирад. Ва, ба эътимоди Голтс, замонате вуҷуд надорад, ки дар ростои ин таҳдидҳо, кишварҳои минтақавӣ дар ростои таҳдидҳои муштарак, метавонанд муттаҳид шаванд. Вай гуфт, таъсиси ОДКБ ё созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки аз рӯи принсипи НАТО бунёд шудааст, на барои муқовимат ба таҳдидҳои беруна, балки ба хотири боздошти эҳтимолии кишварҳои ҳамсоя аз ҳама гуна низоъҳои мусаллаҳона дар дохили минтақа ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG