Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Мирзо. Аз меҳтарсолорӣ бипарҳезед


Шералӣ Мирзо
Шералӣ Мирзо

Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомии кишвар сари масоили марбут ба “меҳтарсолорӣ”, даст ба ҷиноят задани бархе аз сарбозон ва худсарона тарк намудани қисмҳои низомӣ тамаркӯз кард. Ӯ гуфт, ки дар артиш ба меҳтарсолорӣ ҷой нест.

Дар ин нишаст, ки рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазири дифоъ ба таваҷҷӯҳи бештар ба масоили омодабошии ҷангӣ, таъминот бо маводи озӯқа, сару либосу пойафзол, доруворӣ ва дигар шароитҳои хизматӣ ҳам таъкид намуд.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаласа дар бинои Сарпрокуратураи ҳарбӣ сурат гирифта, дар он ҳамчунин натиҷаи санҷиши ҳолати риояи қонунҳо, Оиннмаҳои ҳарбиву сарҳадӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ, оид ба омодабошии ҷангӣ, тайёрии ҳарбӣ дар навъи қушунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои низомӣ баҳс шуд. Аҳли нишаст ба Консепсияи корҳои сиёсиву тарбиявӣ дар артиш, ки моҳи феврал аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, бархе ислоҳот ворид карданд. Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, сарбозоне, ки хизмати намунавӣ мекунанд, бо ҷоизаву тӯҳфаҳо қадр карда шаванд.

Баргузории ин ҷаласа дар ҳолест, ки “меҳтарсолорӣ”, облава ва ё боздошти худсарона барои даъват ба артиш, бе ҷазо мондани афсарони бадрафтор, шароити номусоиди хидмат, фасод дар воҳидҳои низомӣ аз заъфҳои артиши Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG