Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 6 ба 20 ҳазор. Аммо аз кадом ҳисоб?


Нерӯи артиши Тоҷикистон беш аз се баробар афзоиш ёфта, теъдодаш то 20 ҳазор нафар хоҳад расид. Аммо аз кадом ҳисоб?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки теъдоди артиши кишварро аз 6 ҳазори феълӣ то 20 ҳазор афсару сарбоз афзоиш диҳад. Дар ин бора нашрияи “Независимая газета”, чопи Маскав, бо такя ба манбаъҳояш дар ниҳодҳои низомиву дипломатии Русия хабар додааст.

Владимир Мухин, хабарнигори “Независимая газета” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки манбаъҳо дар ниҳодҳои дифоиву дипломатӣ дар бораи аз кадом ҳисоб афзоиш додани теъдоди низомиён чизе нагуфтаанд, зеро, ба гуфтаи ӯ, ин кори дохилии худи Тоҷикистон аст, аммо яқин аст, ки силоҳ барои артиши Тоҷикистон тавассути пойгоҳи низомии 201-уми Русия интиқол дода мешавад. Ин пойгоҳ ҳамин сол дубора ба бригада табдил меёбад ва ин раванд моҳи ноябри соли гузашта бо интиқоли як полки пойгоҳ аз шаҳри Кӯлоб ба канори шаҳри Душанабе шурӯъ шуд. Ин полк ба баталён табдил ёфт ва як бахш аз силоҳу техникаи низомияш дар ихтиёри артиши Тоҷикистон қарор гирифт.

Аммо коршиносони масоили низомӣ ва мақомоти Русия мегӯянд, ки ба бригада табдил шудани пойгоҳи 201-ум маънои коҳиш ёфтани теъдоди низомиёни рус дар Тоҷикистонро надорад. Виктор Литовкин, полковники мустаъфӣ ва шореҳи низомии хабаргузории ТАСС, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки, ба иттилои ӯ, ҳайати афсарону сарбозони пойгоҳ коҳиш намеёбад, зеро пойгоҳ, бригада ё дивизия метавонанд теъдоди баробари афсарону сарбозонро дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, дивизияи “Таманская” ва дивизияи “Кантемировская” ҳам қаблан бригада номида мешуданд, вале теъдоди низомиёнаш тақрибан тағйир нахӯрдааст.

Қаблан генерал-полковник Владимир Заруднитский, фармондеҳи Округи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи 201-ум дар ихтиёраш қарор дорад, ба мақомоти Тоҷикистон ваъда супурда буд, ки раванди табдили пойгоҳ ба бригада ба нерӯи низомии пойгоҳ таъсире нахоҳад дошт.

Аммо артиши Тоҷикистон аз кадом ҳисоб афзоиш хоҳад ёфт, дар ҳоле, ки ҳукумат бар асари бӯҳрони иқтисодӣ тавони сармоягузории бузурги артишро надорад ва ҳамасола даъват ба артиш ҳам бо мушкилӣ сурат мегирад? Виктор Литовкин мегӯяд, ки аз 6 ҳазор то 20 ҳазор афзоиш додани нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон «ин кори як рӯз нест, ин хел намешавад, ки имрӯз дар артиш шаш ҳазор низомӣ бошад ва фардо 20 ҳазор. Ин раванд вақт мехоҳад ва он давра ба давра амалӣ мешавад. Ва ҳукумат бо ироаи имтиёзҳое одамонро ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард.»

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон афроди бекор хело зиёданд ва онҳо маҷбуранд, ки барои пайдо кардани як пора нон ба дигар кишварҳо муҳоҷират кунанд. Ин коршиноси рус мутмаин аст, ки «агар ҳукумат маоши афсарону сарбозонро боло барад, одамони зиёде аз тариқи қарордод дар артиш хизмат хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Виктор Литовкин, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русия шояд афзоиш ёбад, ҳарчанд ҷавонони имрӯзаи тоҷик забони русиро он қадар хуб намедонанд. Аз ин пеш муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов ҳам гуфта буд, ки ҳамасола низомиёни рус барои артиши Тоҷикистон тақрибан ҳазор мутахассиси хурд, асосан барои тонку зиреҳпӯшҳоро, омода мекунанд.

Виктор Литовкин мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон хуб мефаҳмад, ки дар вазъи феълии минтақа бояд артиш қавитар шавад, зеро дар сурати ҳамла аз хориҷ ё исён дар кишвар нерӯи низомии кишвар ва пойгоҳи низомии Русия кофӣ нест. Владимир Мухин ҳам мегӯяд, ки тасмими Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши артиш ду далел дорад, яке таҳдиди нерӯҳои тундраву террористӣ аз Афғонистон ва дигарӣ – талоши таъмини эътидол дар дохили кишвар.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, дар ду ҳафта пеш дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016” (The Military Balance 2016) артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф ва дар амри муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва низоъҳои дохилӣ хеле вобастаи нирӯҳои Русия ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ номид.

Бино ба ин манбаъ, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нирӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ, ва 7500 нирӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нирӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нирӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст. Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.

XS
SM
MD
LG