Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, дар муқоиса ба як сол пеш буҷаи хонаводаашон камтар шуда, ҳоло бештар дар бораи шикам меандешанд, на таъмири хонаву иваз кардани сару либос.

Замони харҷҳои сабукборона мегузарад ва хонаводаҳои тоҷик рӯ ба сарфаҷӯӣ меоранд. Акнун онҳо аксаран барои "шикам" кор мекунанд ва на танҳо аз ашёи гаронбаҳои рӯзгор, балки бисёр вақт аз хариди сару либос ҳам худдорӣ менамоянд.

Мӯнис Султонов, сокини 64-солаи пойтахт, 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шароити феълияшро бо як сол пеш муқоиса карда гуфт, он замон буҷаи якмоҳаи оилаашон ҳудуди 2,5 то 3 000 сомониро ташкил мекард, аммо ҳоло ин буҷа ба пардохти ҳаққи хадамоти коммуналӣ қодир нест.

Хонаводаи Султонов аз 8 нафар иборат аст ва як сол қабл ин хонавода дар баробари хароҷот барои маводи ниёзи аввалия моҳе ҳадди ақал як навоварие дар зиндагӣ дошт. Мисли таъмири хона, хариди ҷиҳози муосир ва ё пасандози хурде барои "рӯзи мабодо". "Ҳоло буҷаи оилавиямон каме бештар аз як ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки бо

ин маблағ базӯр орду равған ва дигар маводи ғизоӣ мехарем. Ҳатто барои супоридани пули барқу об ва андоз зӯрамон намерасад,"-- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ба мисли Мӯнис Султонов, зиндагии оилаи Раҷабмоҳи 47-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки шаш фарзанд дорад, як соли ахир мушкилтар шудааст. Ин хонум мегӯяд, ҳарчанд буҷаи оилавии онҳо, ки моҳе 1 ҳазор сомониро ташкил мекунад, нисбат ба як сол пеш кам ё зиёд нашудааст, аммо болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо ба қобилияти харидории онҳо таъсир расондааст.

"Соле пеш бо ин маблағ ба худ иҷоза медодем, ки ҳар моҳ гӯшт бихарем, вале ҳоло дар ду ё се моҳ низ чунин иҷозаро ба худ дода наметавонем. Аввалин коре, ки мекунем орду равған ва картошкаву пиёз харидорӣ мекунем. Баъд пули мактаби фарзандонро месупорем,"-- шиква кард ин сокини пойтахт.

Коҳиши тавони харидории мардум, ки аксаран аз ҳисоби фарзандону ҳамсарони муҳоҷири худ зиндагиро пеш мебурданд, чанд моҳ пеш аз ҷониби иқтисодшиносон ҳам пешгӯӣ мешуд. Вале ҳоло мақомоти Тоҷикистон низ таъсири кам шудани мавҷи пули муҳоҷирон аз Русия ва коҳиши қурби рубли русиро эътироф мекунанд.

Абдулфаттоҳи Ғоиб

Абдулфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи кам шудани зарфияти харидории сокинон, воридоти молу маҳсулот низ камтар гардида, ба иҷрои нақша дар семоҳаи аввал "халал расондааст". Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба 965,7 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,4 миллион доллар камтар аст.

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, "ин вобаста ба бӯҳрони иқтисодиест, ки дар миқёси ҷаҳон ҳамчунон идома дорад".

Вай рӯзи сешанбеи 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, "дар семоҳаи аввал аз Русия 30 ҳазор тонна сӯзишворӣ ба Тоҷикистон кам ворид шуд, ки ҳатман ба вазъи иқтисодӣ таъсир хоҳад гузошт. Воридот кам шудааст, гузашта аз ин қобилияти харидории мардум низ кам шудааст."

Ба гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ, воридоти воситаҳои нақлиёт ба кишвар, 46 дарсад камтар шудааст. Аксари тоҷирони мошинҳои сабукрав мегӯянд, дар таҷрибаи кориашон ба ин ҳад бозори сарди мошинро ёд надоранд. Дар солҳои гузашта, ба эътирофи тоҷирон, харидорони аслии бозори мошин муҳоҷирон буданд, ки тирамоҳ аз муҳоҷират бармегаштанд ва аксаран барои истифодаи шахсӣ ва ё мусофиркашонӣ мошини сабукрав харидорӣ мекарданд.

Дар ин ду моҳ ҳамин гуна воридоти маҳсулоти растанӣ ҳудуди 26 дарсад, чӯбу тахта 15,5 дарсад, маҳсулоти чорво беш аз 23 дарсад, газвори насоҷҷӣ ҳудуди 34 дарсад ва маҳсулоти омодаи ғизоӣ 4,5 дарсад ба Тоҷикистон кам шудааст. Вале дар ин баробар Хадамоти гумруки Тоҷикитсон дар ин се моҳ аз воридоти асосан орду гандум ва шакару равғани растанӣ хабар медиҳад. Ин маҳсулот дар замон буҳронҳои иқтисодӣ ғизои аслии бахши умдаи мардум номбар мешавад.

Собир Вазиров

Собир Вазиров

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, "вақте буҷаи хонаводаҳо кам мешавад, мутаносибан маблағ асосан ба хароҷоти муҳиму аваллиндараҷа, ки ин бешубҳа, маводи ғизоӣ аст, сарф мешавад. Пас, метавон гуфт, аз ин бозори хӯрокворӣ чандон зарар намебинад, аммо дигар бахшҳои иқтисод холӣ мемонанд ва ин раванд ба воридоти дигар молҳо таъсир мерасонад."

Дар зимн, ҳоло сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон барои ҳар нафар 435 сомонӣ, муодили 65 доллар муайян шудааст. Ин дар ҳолест, ки нархи баъзе аз хурокворӣ дар кишвар дар як соли охир аз 2 то ба 30 дарсад боло рафта, як халта орд дар бозорҳои пойтахт 175 сомонӣ шудааст. Бо ин ҳама, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ гуфтааст, дар пайи бӯҳрони Русия ва арзонии нафт, интиқоли пулҳои муҳоҷирон ба Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад ва ин тамоюл дар ду соли наздик мавҷи фақрро доман хоҳад зад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG