Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳ аз ҷангиёни тоҷику узбак ва чеченҳо аз гурӯҳи Давлати исломӣ ҷудо шуда ва ба Ҷабҳаи Ан-Нусра, ки шохаи Ал-Қоида дар Сурия мебошад, пайвастаанд.

Созмони Нозирони Сурия барои ҳуқуқи башар, мақараш дар Лондон мегӯяд, ки як гурӯҳи иборат аз 1500 нафарии шаҳрвандони Чеченистону Узбакистон ва Тоҷикистон дар Сурия аз гурӯҳи тундравҳои “Давлати Исломӣ” баромаданд ва ба гурӯҳи Ҷабҳаи Ан-Нусра пайвастаанд.

Ҷабҳаи Нусра, ки ба Усома Бbн Лоден ва раҳбари кунунии Ал-Қоида вафодор мондааст, як ҷо бо Давлати Исломӣ ё ДОИШ бар зидди артиши Сурия меҷангиданд. Вале баъд ихтилоф дар соли 2013, ин ду гурӯҳ бар зидди якдигар бархостаанд. Ҷабҳаи Ан-Нусра мегӯяд, ки 30 дарсади нерӯҳои он хориҷиён ва аз Аврупову Осиё, Русия ва чеченҳо мебошанд.

Ҳемон Саидӣ, коршиноси умури Ховари Миёна дар Лондон, ки машғули таҳқиқи фаъолияти ин гурӯҳҳост, дар посух ба суоле дар бораи пайвастани бахше аз тундравҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамчунин чеченҳо ба Ал-Қоида ва таъсири он ба сафороии нируҳои тундгаро дар Сурия гуфт, нерӯҳое, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна ба неруҳои ҷиҳодӣ пайвастанд, ду гузина доштанд, яъне ё бояд ба нерӯҳои тундрави Давлати Исломӣ мепайвастанд ва ё ба Ал-Қолида ва шохаи он дар Сурия, ки ҳамон Ҷабҳаи Нусра аст.

Ба хотири он ки роҳи онҳо аксаран аз қаламрави Туркия мегузашт ва ба хотири он, ки “Давлати Исломӣ” худро машғули корҳои идорӣ ва ҳукуматдорӣ карда буд, бештари ин нереҳо ба ҷабҳаҳо мерафтанд. Ин боис мешавад, ки ба тадриҷ бо пайвастани чунин нерӯҳо ба шохаи Ҷабҳаи Ан- Нусра, мавқеияти “Давлати Исломӣ” заъиф шавад. Дар як моҳи ахир ҷудоиҳое дар таркиби нерӯҳои ДОИШ мушоҳида шуд ва гурӯҳҳое аз онҳо ҷудо шуданд. Дар чунин шароит ононе, ки аз Осиёи Миёна меоянд, шояд Ҷабҳаи Ан-Нусра гузинаи муносибтаре аст ва ба эҳтимоли зиёд дар оянда ин гурӯҳ дасти болое бар Давлати исломӣ хоҳад дошт.

Озодӣ: Оё бо чунин тағйири сафороӣ, яъне бо пайвастани тундравҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷабҳаи Ан-Нусра, гурӯҳи Давлати исломӣ мумкин аст ба шикаст рӯ ба рӯ шавад?

Саидӣ: Вақте, ки гурӯҳи Давлати исломӣ ташкил шуд, умедаш ин буд, ки метавонад ҳамаи нерӯҳои мавҷуди ҷиҳодиро дар даруни худаш муттаҳид кунад. Ин кор сурат нагирифт. Ҷабҳаи Ан-Нусра ва ДОИШ дар гузашта бо ҳам ихтилофоте доштанд. Тадриҷан онҳо бо якдигар ба даргирӣ пардохтанд. Ҳоло нерӯҳои тозае, ки аз ҷаҳони ислом, махсусан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меоянд, онҳо дигар ҷозибае дар Давлати исломӣ намебинанд. Аммо Ал-Қоида ва шохаи низомии он Ҷабҳаи Ан-Нусра то ҳол тавонистаанд барои онҳо ҷозибаи худро ҳифз кунанд. Вале ин ба он маъно нест, ки Ал-Қоида дасти боло бар ДОИШ хоҳад дошт, балки даргириҳои байни онҳо шиддат хоҳад ёфт ва ниҳоятан сабаби заъфияти ҳар ду ҷониб хоҳад шуд.

Озодӣ: То чӣ андоза тундравҳои Осиёи Марказӣ дар таркиби нерӯҳои тундрави Ховари Миёна неруи ҷиддӣ хоҳанд буд?

Саидӣ: Шояд баъд аз арабҳо ва туркҳо гурӯҳҳои Осиёи Миёна дар таркиби гурӯҳи Давлати исломӣ бештар бошанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки фазои сиёсӣ барои баъзе афроди Осиёи Миёна, махсусан дар Тоҷикистон, сахттар мешавад ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам ба тадриҷ ғайриқонунӣ мешавад, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки баъзе нерӯҳои исломии Осиёи Миёна дар кишварҳои худ ноумед шаванд ва ба Ал-Қоида ва Ҷабҳаи Ан-Нусра рӯ оранд.

Озодӣ: Оё чунин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки афроди тундрави ҳизбе, ки дар Тоҷикистон баста мешавад, ба ҳамин нерӯҳо рӯ оранд?

Саидӣ: Бале, мо ин гуна намунаро дар мавриди Миср ҳам доштем. Пас аз ғайриқонунӣ шудани “Ихвонулмуслимин” дар Миср, шумораи ононе, ки ба Ал-Қоида пайвастанд, бештар шуд. Ҳатто хушунат ба саҳрои Сино ва худи дохили Миср ҳам кашида шуд. Ин шояд дар мавриди маҳдуд кардани аҳзоби исломӣ дар кишваре мисли Тоҷикистон ҳам дуруст меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG