Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорат: "Дар муноқишаи Маскав тоҷикистониҳо ширкат надоштанд"


Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки рӯзи 26 май рух дод ва навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштаанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 31 май аз ҷои ҳодиса дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар Маскавро, ки рӯзи 26 майи соли ҷорӣ навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, таҳқиқ кард.

Ӯ афзуд, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба бахши консулии сафорат, намояндагии хадамоти муҳоҷират дар Русия дастур додааст, ки ба таври фаврӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти зидахли кишвари мизбон, ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқишаро муайян кунанд.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, ҳар ҳоли ҳозир ҳама кормандони масъул дунболи таҳқиқи ин қазия ҳастанд ва назорати таҳқиқи ин ҳодисаро Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Русия ба дӯш гирифтааст. Дар ҳамин ҳол ду корманди Хадамоти консулгарии сафорат Ҳокимиддин Раҳмонов ва Искандар Гадоев ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Саид Боев дар якҷоягӣ нимаи имрӯз, 31 май ба ҷой ҳодиса рафта аз наздик шиносоӣ ва бо директори Генералии ширкати туркӣ Ҳасан Ускан, ки сохтмони "Масква Сити" бар ӯҳдаи ин ширкат мебошад, вохӯрдаанд.

Дар ҷараёни сӯҳбат маълум гардидааст, ки дар муноқишаи рӯзи 26 май ягон тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштаанд. Баъд аз вохӯрӣ бо директори генералии ин ширкат, кормандони Хадамоти консулӣ бо яке аз бригадирҳои сохтмон, ки аз ӯ Ҷартиф Эркин ном бурда мешавад ва зодаи Бешбулоқи шаҳри Кӯлоб мебошад, вохӯрдаанд. Вай низ тасдиқ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд.

Ҳамчунин кормандони масъул ба шӯъбаи корҳои дохилии Пресненский шаҳри Масква рафта, бо Руслан Сергеевич, муфаттише, ки тафтишоти ин муноқишаро бар ӯҳда дорад вохӯрдаанд ва дар рафти вохӯрӣ ӯ низ тасдиқ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд.

Ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар натиҷа маълум гардидааст, ки дар муноқишаи дастҷамъонаи рӯзи 26 майи соли ҷорӣ миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна, ки дар наздикии маҳалаи “Масква Сити” миёни коргарони сохтмон рух дода буд, шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд ва ҳамаашон шаҳрвандони Узбакистон мебошанд. Дар сохтмон ҳудуди 2000 муҳоҷир кор мекунад, ки зиёда аз 1800 нафарашон шаҳрвандони Узбакистон аст ва тахминан 150-200 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар шабакаи иҷтимоии YouTube навори видеоие роҳ ёфт, ки дар он аз муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Маскав ҳикоят мекард. Расонаҳои русӣ дар шарҳи ин ҳодиса навиштанд, ки ин муноқиша рӯзи панҷшанбеи 29 май дар маҳалли "Маскав Сити" миёни коргарони сохтмон рух додааст ва сохтмончиён, ки шумораи онҳо то панҷоҳ нафар тахмин зада мешавад, ба васоили сохтмонӣ ба ҷони ҳам меафтанд. Аз тарзи гуфтори онҳо бармеомад, ки яке аз ҷонибҳои муноқишакунанда шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.

Русия мизбони миллионҳо муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон аст, ки аксари онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд. Дар гузаштаҳо миёни муҳоҷирони кории тоҷик ва узбак задухӯрдҳои дастиҷамъона рух дода буд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, дар охирин ҳамчунин муноқишаҳо, ки моҳи ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург рух дод, ва дар он тахминан 15 нафар ширкат доштанд, як муҳоҷири кории Узбакистон кушта шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG