Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозӣ дар Амрико 5 нафар кушта шуд


Мақомоти Амрико мегӯянд, дар натиҷаи тирандозӣ дар як фурӯшгоҳи бузург дар шимоли шаҳри Сиетл 5 нафар кушта шуданд. Маъмурони пулис рӯзи 24-уми сентябр гуфтанд, чаҳор зан дар маҳалли тирандозӣ ҷон додаанд ва марде, ки ҷароҳат бардошт, дар шифохона фавтид. Тирандозӣ соати 7:30 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Бурлингтон дар 100 километрии шаҳри Сиетл рух додааст. Мақомоти Амрико гуфтанд, маъмурони пулис фарди испониётабори сиёҳпӯшеро ҷустӯҷу доранд, ки дар даст туфанг аз фурӯшгоҳ берун шуда ва ба самти шоҳроҳе ҳаракат мекунад. Маъмурони пулис мегӯянд, тирандозӣ амали террористӣ набудааст.

XS
SM
MD
LG