Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳҳои корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон қитъаҳои баҳсии марзи ду кишварро рӯи харитаи махсуси топографӣ мушаххас мекунанд.

Як гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе масъалаи аломатгузории хатти марзи муштаракро баррасӣ кардаанд. Азизмаҳмад Каримзода, муовини аввали раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, рӯзи 12 апрел ба Озодӣ гуфт, ки ин гурӯҳи корӣ хатти марзи муштаракро қадам ба қадам бар рӯи харитаи махсуси топографӣ мушаххас мекунанд.

Ӯ гуфт, "дар иртибот ба ин масъала ҳам ҷониби Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон пешниҳодҳои худро доранд, то ҳангоми дар харита ҷой додани хатти марз иштибоҳ роҳ наёбад". Каримзода афзуд, ҳоло хатти марзи муштарак пурра дар харита ҷой дода нашудааст ва дар ояндаи наздик низ гурӯҳҳои корӣ дар иртибот ба ин масъала мулоқот хоҳанд кард.

Ин гурӯҳро аз ҷониби Қирғизистон муовини аввали раиси дастгоҳ – намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили марзӣ Қурбонбой Искандаров раҳбарӣ мекунад.

Як намояндаи дигари узви гурӯҳи кории Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, мушкили аслие, ки дар пешорӯи гурӯҳҳои корӣ истодааст, мушаххас кардани хатти сарҳад дар минтақаҳои мавриди баҳс мебошад ва маҳз ҳамин масъала кори ҳайатҳоро ба таъхир меандозад. Вай афзуд, “сарфи назар аз ин мушкилот, ҳайатҳо талош доранд бо машварат ҳарчӣ зудтар харитаи хатти марзро тартиб диҳанд”.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

Қарор аст, моҳи майи соли ҷорӣ, дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз Тоҷикистон Душанбеву Бишкек ба созишиномаи марзии алакай тавофуқшуда имзо гузоранд. Отамбоев низ моҳи март дар як суханрониаш изҳори умед кард, ки созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон алакай моҳи май ба имзо хоҳад расид.

Ӯ моҳи оянда ба хотири ширкат дар расми ифтитоҳи хатти барқи КАСА-1000, ки ба хотири содироти нирӯи барқи Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон бино мешавад, ба Тоҷикистон меояд.

Баҳси ду кишвар бар сари тақрибан 450 километри боқимондаи то ҳол таъин ва аломатгузорӣ нашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шудааст, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин сӯ дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон ба кундӣ пеш мераванд.

Баҳси тақсими манобеи об, замин ва бунёди роҳҳо дар манотиқи баҳсӣ борҳо дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон боиси муноқишаву задухӯрдҳо миёни сокинони ду ҷониби марз шудаааст.

Масалан, дар соли гузашта дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 10 муноқиша рух дода, Боборизо Ризоев, сокини 18-солаи ноҳияи Исфара кушта шуд. Дар соли 2014 дар марзи ин ду кишвар 30 муноқиша сабт шуда, дар задухӯрдҳо се шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули як афсари марзбон кушта шуда ва аз ҳар ду тараф ҳудуди 30 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG