Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рабояндагони намояндаи порлумони Украина боздошт шуданд


Украина - Ноиби раҳбари ҷиноҳи "Блоки Порошенко" Алексей Гочаренко рӯи пораи Девори Берлин дар назди сафорати Олмон, дар Киев "NEIN" навишт". 8 феврали соли 2017
Украина - Ноиби раҳбари ҷиноҳи "Блоки Порошенко" Алексей Гочаренко рӯи пораи Девори Берлин дар назди сафорати Олмон, дар Киев "NEIN" навишт". 8 феврали соли 2017

Мақомот мегӯянд, ки рабояндагони эҳтимолии Алексей Гончаренко, намояндаи мардумии Украина аз "Блоки Петр Порошенко"-ро боздошт карданд. Додситони минтақавии Одесса Олег Жученко рӯзи 23 феврал гуфт, ки Алексей Гончаренко аз тарафи гурӯҳи таъсисдодаи Александр Кушнаров, намояндаи Шӯрои ноҳияи Лимани Одесса рабуда шуд.

Жученко гуфт, ки тамоми гурӯҳ боздошт шудааст, аммо дар ин бора ҷузъиёт надод. Алексей Гончаренко рӯзи 23 феврал мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки вазъаш хуб аст ва феълан дар макони амн қарор дорад.

Гончаренко рӯзи 23 феврал дар Одесса рабуда шуд. Ҳамтои ӯ дар "Блоки Петр Порошенко", Александр Бригинетс дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дод, ки намояндаи мардумӣ дирӯз барои як мулоқоти фаврӣ ба Одесса рафт ва нопадид шуд.

Ноиби раҳбари бузургтарин ҷиноҳи порлумони Украина Алексей Гончаренко, баъди якчанд даргирӣ дар ҷаласаҳои порлумон ва ҷанҷол бо сафорати Олмон дар Украина машҳур шуд. Дар аввали моҳ, ӯ ба нишони эътироз алайҳи суханони сафири Олмон дар Украина, Эрнест Рейҳел, дар бораи интихоботи Донбасс, пораи Девори Берлинро дар назди сафорат ранг зад. Сафири Олмон баргузории интихоботро дар Донбасс, қабл аз хуруҷи қисмҳои низоми Русия аз он, имконпазир шумурд.

XS
SM
MD
LG