Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон


Дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуд. Раҳбарии ҳайатҳоро муовинони нахуствазирони ду кишвар ба ӯҳда доранд.

Субҳи 21 октябр дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди серӯзаи аъзои Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ шуд. Раёсати ҳайатҳоро муовинони нахуствазирони ин ду кишвар Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев ба ӯҳда доранд.

Як манбаъи наздик ба ҳайати Тоҷикистон дар ин Комиссия рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, музокирот то рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон идома хоҳад кард. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин гуфтугӯҳо танҳо масоили марзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бунёди роҳҳо ва купрукҳо дар манотиқи марзии Исфаар ва Бобоҷон Ғафуров бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз ҷумлаи масоили мавриди матруҳа дар ин гуфтугӯҳо хоҳад буд.

То ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Иттиҳоди Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз даҳҳо ҳазор гектар заминаш ба ихтиёри Қирғизистон гузаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG