Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти раёсати корҳои дохилии Суғд дар коллегияи муштарак бо намояндагони вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мавзӯи амнияти марзро баррасӣ намуда ва дар маросими таъсиси идораи пулиси ноҳияи Лайлаки Бодканд, ширкат карданд.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар коллегияи муштарак бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мавзӯи амнияти имтидоди марзи муштарак ва умури бехатарӣ дар манотиқи марзиро ба баррасӣ гирифта ва дар маросими таъсиси шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лайлаки Бодканд ширкат карданд.

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи ҷумъаи 2 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “таъмини амният, табодули ахбор ва назорати хати сарҳади муштарак аз мавзӯъҳои аслиии нишасти муштараки намояндагони вазорати корҳои дохилии ҳар ду кишвар буд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Назарзода, “феълан ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон дар ростои ҷашнҳои истиқлолият қарор доранд ва Қирғизистони ҳамсоя ором бо субот аз иди милии худ истиқбол намуд ва Тоҷикистон дар арафаи ин ҷашн қарор дорад ва амнияти дар минтақаҳои марзии муштарак аз масъалаҳои аслии мақомоти интизомӣ мебошад. Мо роҳҳои ошкор кардани ҷиноятиҳои хусусияти террористидоштаро баррасӣ кардем.”

Шариф Назарзода.

Шариф Назарзода.

Генерал Назарзода афзуд, онҳо ба хотири ҳамкории ҳарчӣ бештари мақомоти интизомии ҳарду кишвар дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҷамоати деҳоти Қулундуи ноҳияи Лайлак, ки бо ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаммарз аст, ширкат кардаанд.

Ин шӯъбаи умури дохилӣ дар наздикии гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор дошта, имконияти ҳамкории дуҷонибаи мақомоти милитсияи ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро бо кормандони умури дохилаи навоҳии марзии шимоли Тоҷикистон бештар хоҳад кард.

Ҷаноби Назарзода мегӯяд, ҳангоми ба истифода додани ин қароргоҳи пулис, бо муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов ва бо масъулони бахшҳои умури дохилии навоҳии марзии Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак мулоқот намуда, мавзӯи амният ва ҷилавгирӣ аз ҷурму ҷиноят ва сарҳадшиканиро баҳс намудааст.

Генерал Шариф Назарзода мегӯяд, ки дар ин авохир ҳеҷ гуна ҷурму ҷиноят дар манотиқи марзӣ сабт нашудааст ва миёни ниҳодҳои қудратии ҳарду кишвар ҳам ҳеҷ мушкиле ҷой надорад: “Марз аз ҳар ду ҷониб таҳти назорати мақомоти қудратии ду кишвар қарор дорад, ягон нофаҳмие миёни ниҳодҳои қудратии вуҷуд надорад ва ягон ҷинояти вазнине ҳам дар минтақаҳои марзӣ ба қайд гирифта нашудааст ва ҷашни истиқлолити қирғизистон ҳам бо амн истиқбол шуд.”

Бо ин вуҷуд то ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудаасту тамом ва бархе муноқишаҳои сокинони марзӣ дар се соли ахир маҳз дар манотиқи ташхисношуда сурат мегирад.

Рустами Раҳматзод, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва раҳбари гурӯҳи кории Тоҷикистон дар музокирот қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки то замони дақиқ мушаххас шудани хатти сарҳад дар қитъаҳои баҳснок, ҷониби Тоҷикистон бо ҷиддият мехоҳад масъалаҳои дигари марбут ба тақсими обу роҳҳои мошингузарро ҳам матраҳ кунад.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон хеле ба кундӣ пеш мераванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG