Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз низоъҳои марзӣ


Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қирғизистон Ҷанторо Сотиболдиев.
Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қирғизистон Ҷанторо Сотиболдиев.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, ки ба ҳар гуна муноқишаҳо дар марзи муштарак вокуниши сареъ нишон диҳанд.

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев рӯзи чаҳоршанбе 21-уми август дар Душанбе, тарафҳо ба натиҷа расиданд, ки бояд ба ҳама гуна низоъҳо дар марзи байни ду кишвар ба таври фаврӣ вокуниш нишон диҳанд ва мушкилотро аз роҳи гуфтушунид ҳал намоянд. Онҳо гуфтанд, талоши ҳамаи идора ва муассисаҳои ду давлат бояд ба пешгирӣ аз муноқишаҳо нигаронида шавад.

Ин гуфтушунид як рӯз баъд аз он ҷараён гирифт, ки субҳаш бо хабари нигаронкунанда аз деҳаи Чоркӯҳи вилояти Суғди Тоҷикистон сар шуда буд. Бино бар ин хабар афроди номаълуме, ки ба русӣ ва қирғизӣ суҳбат мекарданд, бо истифода аз силоҳи оташфишон панҷ узви як оиларо дар Чоркӯҳ куштаанд. Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон мегӯянд, ба тафтиши муштараки воқеа шурӯъ кардаанд. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки куштор дар рӯзи мулоқоти сатҳи баланд дар Душанбе як иғво низ буда метавонад, то ба муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон зарба занад.

Бо назардошти чунин вазъ раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, вилоятҳои Суғд ва Бодканд ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Чон-Олой, ҳамчунин хадамоти маҳаллии марзбонӣ, вазорати умури дохилӣ, хадамоти гумрук бояд ҳамкории зичро ба роҳ монанд ва ҳамроҳ кор кунанд, то ки аз моҷароҳои марзӣ ҷилавгирӣ шавад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Эмомалӣ Раҳмон густариши имконоти тронзитӣ ё интиқоли молу кло миёни ду кишварро ҳам зарур хонда, гуфтааст, ки “мо бояд ҳарчӣ зудтар ва босамартар ба ин муваффақ шавем”.

Сарвари Тоҷикистон ҳамчунин ишора намуд, ки Душанбе хостори татбиқи ҳарчӣ зудтари тарҳи CASA-1000 мебошад. Ба гуфтаи ӯ, “ин тарҳ ба ду кишвари дорои захираҳои бузурги нерӯи барқ имкон медиҳад, ки ин нерӯро бар Покистону Афғонистон фурӯшанд. Ҳамчунин фаъолонатар боло бурдани гардиши мол миёни ду кишвар зарур аст ва барои ин қабл аз ҳама тиҷорати наздимарзиро бояд ба роҳ монд. Аз ин рӯ аз волии вилояти Бодканд даъват мекунам, ки бо волии вилояти Суғд робитаи қавитар дошта бошад ва ҳарду рафтуои пайвастаро ташкил кунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон ба бунёди роҳҳои оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ҳам манфиатдор аст.

Жанторо Сотиболдиев ҳамкории муштарак дар эҳёи роҳи Душанбе-Ҷиргатол-Қарамиқ-Саритошро "намунаи ҳамкориҳои дуҷониба" номид ва гуфт, ки ин шоҳроҳ вобастагии нақлиётии ду кишварро ба таври чашмрас коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи нахуствазири Қирғизистон, ин тарҳ бояд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.

Раиси ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки Бишкек тасмим гирифтааст ҳар моҳ ба Тоҷикистон тақрибан 5 ҳазор тонна семент интиқол диҳад. Ӯ баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳукумати Қирғизистон ба Душанбе пешниҳод кардааст, ки барои бунёди Хонаи тиҷоратӣ оиди интиқоли ҳармоҳаи семент ба Тоҷикистон ризоят диҳад. Жанторо Сотиболдиев афзуд, “ҳарчанд ҳаҷми тиҷорат миёни Бишкеку Душанбе дар соли гузашта ва нимаи аввали соли равон каме афзоиш ёфтааст, ин ҷонибҳоро қонеъ намекунад ва мо тасмим гирифтем, дар ин самт фаъолиятамонро густариш диҳем".

Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мубодилоти мол миёни ду кишвар дар шаш моҳи соли равон тақрибан 94 миллион долларро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор баробар бештар аст. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд ва 470 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони рустоҳои марзӣ борҳо сари замину чарогоҳ ва ё тақсими об бо ҳам ҷанҷолу муноқиша кардаанд.

Жанторо Сотиболдиев хабар дод, ки соли 2014 сафари расмии раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Тоҷикистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG