Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдгориҳои тоҷикии Эрмитаж: Ганҷе ки бебозгашт аз даст рафт?


Бинои мӯҳташами Эрмитаж дар Санкт-Петербург

Бинои мӯҳташами Эрмитаж дар Санкт-Петербург

Рӯзи 11 ноябр дар Қасри зимистонаи Санкт-Петербург намоишгоҳи «Экспедитсияҳо. Археология дар Эрмитаж» боз шуд, ки чанде аз бозёфтҳои бостонии Тоҷикистон бахше аз онанд.

Сарони осорхонаи Эрмитаж мегӯянд, дар намоишгоҳи нав беҳтарин бозёфтҳои ҳафриётии марбути давраи қадим то қуруни вусто барои тамошо гузошта шудаанд. Мудири бахши ҷаҳони қадим дар ин осорхонаи давлатии Санкт-Петербург, Александр Бутягин, ба хабарнигорон гуфтааст, дурдонаҳое ба намоиш даромаданд, ки аз кишварҳои гуногун ҷамъоварӣ шудаанд. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир 22 дастаи археологӣ дар қаламрави Русия, Украина, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Туркия ва Итолиё машғули ҳафриётанд ва бахше аз бозёфтҳои онон низ дар ин намоишгоҳ дида мешаванд.

Дар намоишгоҳ ҳамроҳ бо осори кашфшуда инчунин маълумоти кӯтоҳе дар бораи археологҳои маъруфи рус мунташир гаштааст, ки чанде аз онҳо, монанди Б. Пиотровский, А. Якубовский, М. Дяконов, Б. Литвинский ва дигарон дар Тоҷикистон низ кор кардаанд. Аз ҷумла Якубовский кашшофи шаҳристони Панҷакенти қадим, Литвиинский пажӯҳишгари Аҷинатеппа ба шумор мераванд. Ҳарчанд бахши умдаи ин осор дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ кашф ва ба осорохонаи Эрмитаж интиқол ёфтааст, дар ин миён бозёфтҳое низ ҳастанд, ки дар давраи пас аз фурӯпошии Шӯравӣ пайдо ва ба Русия интиқол ёфтаанд.

Мудири шӯъбаи археологияи Аврупои шарқӣ ва Сибир дар Эрмитаж, Андрей Алексеев ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ҳангоми тақсиму интиқоли бозёфтҳои археологӣ байни муассисаҳои фарҳангӣ муноқишае сар намезанад ва ин масъала зимни гуфтушунидҳо ҳал мешавад. “Аммо солҳои охир, -- гуфтааст Алексеев, -- осоре, ки дар кишварҳои хориҷӣ кашф мегардад, дар ҳамон кишварҳо боқӣ мемонад ва танҳо нусхаи онҳо ба Эрмитаж интиқол меёбад.”

Изҳороти намояндаи Осорхонаи давлатии Эрмитажи Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки порлумони Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр барои дақиқ кардани тартиби баровардани осори таърихию фарҳангӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба қонуни марбута тағйиру иловаҳо ворид намуд. Аммо ин дигаргуниҳо шароити берун бурдани чунин осор тавассути гурӯҳҳоои археологӣ ва бозгардони онҳоро ба кишвар матраҳ намекунанд. Бино бар қонуни мазкур, Душанбе борҳо аз осорхонаҳои ҷаҳонӣ бозгардони мероси таърихӣ ва фарҳангии худро талаб карда, аммо комёб нагаштааст.

Осорхонаи Бритониё дар Лондон

Осорхонаи Бритониё дар Лондон

Дар посух ба талабҳои Тоҷикистон Осорхонаи Бритониё, ки маҷмӯи ёдгориҳои “Хазинаи Омӯ”-ро дар даст дорад, танҳо нусхаи бархе аз ин ёдгориҳоро ба Тоҷикистон тақдим дошт. Аммо, тавре ки вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, осоррхонаҳои Русия, аз ҷумла Эрмитаж аз баррасии ин масъала бо мақомоти Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки деворнигораҳои машҳури Панҷакенти бостонӣ, ҳайкалчаи гург ва ду тифл (бозёфт аз Усрушанаи қадим), кандакориҳои рӯйи санг ва чӯб, сиккаҳои давраи Ҳахоманишиён ва Кӯшониён, пайкараҳои Буддо аз Аҷинетеппа ва ёдгориҳои дигари таърихие, ки аз қаламрави Тоҷикистон ёфт шудаанд, дар Эрмитаж нигоҳдорӣ мешаванд.

Деворнигораҳои Панҷакенти қадимӣ, ёдгории садаи VIII

Деворнигораҳои Панҷакенти қадимӣ, ёдгории садаи VIII

Бо назардошти он ки чунин ёдгориҳо дар Тоҷикистон дуздида ё ба иллати риоя накардани қоидаҳои нигаҳдорӣ вайрон шудаанд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар инанд, ки дар осорхонаҳои ҷаҳонӣ боқӣ мондани онҳо дар маҳрилаи феълӣ беҳтар аст. Онҳо пайкараи Буддоро намуна меоранд, ки пас аз тахриби ҳайкалҳои Буддо дар Бомиёни Афғонистон аз бостонитарин ва бузургтарин ҳайкалҳои Буддо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳарчанд ҳукумати Ҷопон барои тармиму нигаҳдории он ба Тоҷикистон маблағ дод, толори ҷудогонае барои ин ёдгорӣ сохта нашуд ва ахиран аз эҳтимоли фурӯрезии он изҳори нигаронӣ мешавад. Аммо тарафдорони бозгардони ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон аз Бритониё, Русия ва кишварҳои дигар бар инанд, ки сарватманд шудани Осорхонаи миллии Тоҷикистон шумораи бештари ҷаҳонгардонро ба кишвар ҷалб хоҳад кард.

Ҳамкории Осорхонаи давлатии Эрмитаж бо Тоҷикистон аз оғози таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуда, бостоншиносони он ба кашфи ёдгориҳои Қалъаи Муғ, Панҷакенти қадима, Бунҷикат, Хуттали бостонӣ, Аҷинатеппа, Ҳулбук, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Муғтеппа ва ғайра сарварӣ кардаанд. Ҳамаи бозёфтҳои ин экпедитсияҳо ба Эрмитаж ва Осорхонаи таърихи мардумони Шарқ дар Маскав интиқол ёфтаанд. Иттиҳоди Шӯравӣ ва Бритониё дар соли 1979 як намоишгоҳи муштараки ёдгориҳои бостонии Тоҷикистонро баргузор карданд, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт.

Аммо намоишгоҳи комили бозёфтҳо аз Осиёи Марказӣ дар Эрмитаж танҳо соли 2009 таъсис ёфт ва осоре, ки дар “Анбори махсус”-и ин марказ нигаҳдорӣ мешуд, бори аввал ба таваҷҷӯҳи ҳазорон нафар аз бинандагон пешниҳод гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG