Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел хостори бозгардони "ғаниматҳо" ба Олмон шуд


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел шоми ҷумъа дар осорхонаи Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург намоишгоҳи «Асри биринҷӣ. Аврупо бидуни марз”-ро, ки ба таърихи қадими қитъа бахшида шудаааст, тамошо карданд. Аз се як ҳиссаи ёдгориҳои намоишгоҳ асарҳои нодире буданд, ки баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон ҳамчун “ғанимати ҷангӣ” аз Олмон ба Русия оварда шудаанд.

Ба иттилои расонаҳои олмонӣ, хонум Меркел изҳор намудааст, ки ин ёдгориҳо бояд ба Олмон баргардонида шаванд.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки садри аъзами Олмон бар асари ихтилоф оид ба мавзӯъи “санъати ғаниматгирифта” аз ширкати дар ифтитоҳи намоишгоҳ дар Эрмитаж сарпечӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG