Пайвандҳои дастрасӣ

Ба бовари таҳлилгарони тоҷик, чанд омил Эрону Амрикоро маҷбур кардааст, ки баъди бештар аз сӣ сол дарро барои муколама боз кунанд, вале ин гардиш ба нафъи Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Амрикову Эрон дарк карданд, ки бояд ба созиш бирасанд, зеро ин кор ҳам ба манфиати ҳукумати нави Ҳасан Рӯҳонӣ ва ҳам ба сӯди раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва ҳизби демократи ӯст, ки феълан вазъи хубе надоранд. Дигар ин ки Барак Обама ҳам дар миёни мардум маҳбубияти пешинаро надорад ва бояд коре кунад, то номи хуби худро эҳё кунад.



Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, муколамаи Амрикову Эрон ва ҳалли буҳрони барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ба нафъи Амрико хоҳад буд: «Аз сӯи дигар Барак Обама низ дарк кардааст, ки анҷом додани чунин як коре душвор аст ва шояд натиҷаи ба қавле ғайричашмдошт бидиҳад.»

Аҳмадшоҳи Комилзода

Аҳмадшоҳи Комилзода

Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари масоили минтақаӣ ба ин бовар аст, равобити сарди Амрико ва Эрон ки солҳои тӯлонӣ идома дошт, ба сурати умум ба сиёсати ҷаҳонӣ таъсири баде гузоштааст. Ба гуфтаи вай, бо гузашти солҳо як равиши нарме дар сиёсати имрӯзи Эрон ва ҳам дар сиёсати Амрико пайдо шуд ва имкон дод, ки ҳарду кишвар роҳи муколамаро пеш бигиранд. Ба таъкиди Аҳмадшоҳи Комилзода, ин зарурати таърихист, ки дар ҷаҳон ба вуҷуд омадааст.

Аҳмадшоҳи Комилзода мегӯяд, бо назардошти мушкилоту душмание, ки то ҳол Эрону Амрико доштанд, гумон аст, ки вазъ ба ҳоли қаблиаш баргардад ва буҳрони сиёсӣ дар робитаҳои ин ду кишвар идома кунад. Ба бовари ӯ, ин раванд дигар бебозгашт аст: «Ман бовар дорам, ки ин равиш ба қафо барнамегардад. Зеро Ҳасани Рӯҳонӣ дар сиёсати имрӯзаи Эрон шахсияте ҳаст, ки ба нармӣ рӯ овардааст ва дар ин баробар фишорҳои дигар низ Амрикоро ба ин чиз водор мекунад, ки муносибати онҳо гармтар шавад ва равобити ин ду кишвар бештар тавсиа ёбад, на баръакс.»

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, солҳо боз ниёз ба тамоси миёни Амрико ба унвони муҳимтарин қудрати ҷаҳон ва Эрон ба ҳайси муҳимтарин қудрат дар Ховари Миёна ва дар ҷаҳони ислом вуҷуд дошт. Вай гуфт, ҳарчанд барномаи ҳастаии Эрон як сабаби ихтилоф миёни Теҳрону Вашингтон аст, вале дар асл ҳамеша баҳсҳо баҳси сиёсӣ буд. Ба таъкиди оқои Бекмуҳаммад, саривақтист, ки мақомоти олии ду кишвар худро ба воқеъият наздик карданд ва сайъ доранд, ки роҳи муколамаро боз кунанд.

Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад

Вай гуфт, агар миёни Теҳрон ва Вашингтон тамосҳо ба сурати ҷиддӣ дунбол шавад, хеле аз сӯъитафоҳумҳо ба таври табиӣ рафъ хоҳанд шуд ва дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳавулоте ба бор хоҳад омад, ки ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад, барои таъмини суббот ва амният ҳадди ақал дар бархе аз кишварҳои исломии ба хусус Ховари Миёна ва Осиёи миёнаву ҷанубӣ манфиати кам нахоҳад дошт.

Ба қавли коршиносони тоҷик, муносиботи ҳасана миёни Амрикову Эрон ба нафъи Тоҷикистон ҳам хоҳад буд, ки аз шарикони иқтисодии Эрон аст: « Аз он ки Эрон таҳти фишори байналмилалӣ ва ба хусус Амрикову Итиҳоди Аврупо қарор бигирад, ба нафъи манофеъи Тоҷикистон низ нахоҳад буд.»

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Тоҷикистон ва мардуми тоҷик бо Эрон муносибати хеле хуб доштану доранд, аммо як монеъаи асосӣ барои наздикшавии онҳо пеш аз ҳама муносибати бади Эрон бо Аврупову Амрикост: «Агар муносибати Эрон бо Ғарб беҳтар шава, ин монеъа бартараф мешавад. Маълум аст, ки муносибати Эрону Тоҷикистон хубтар мешавад ва он барномаҳое, ки дар соҳаи энерживу фарҳанг вуҷуд доранд, агар амалӣ шаванд, ба фоидаи ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон хоҳад буд.»

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон то кунун ба таҳаввулоти ахир дар муносиботи Амрикову Эрон расман вокунише накардаанд, аммо ба назари таҳлилгарон, бо назардошти ҳимоятҳои пешинаи Тоҷикистон аз Эрон вокуниши Душанбе аз нармиши вазида дар равобити Теҳрону Ғарб яқинан мусбат хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG