Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабоҳатҳои Украинаи соли 2014 бо Тоҷикистони соли 1992


Майдони Истиқлоли Киев. 23.02.2014
Майдони Истиқлоли Киев. 23.02.2014

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ҳаводиси Украина шабоҳатҳое ба рӯйдодҳои соли 1992-и Тоҷикистон дорад, аммо мавқеи ҷуғрофӣ ва фарҳанги сиёсии мардум дар Украина имкон намедиҳад, ки кор дар онҷо чун дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашад.

Дар Украина ҳам мисли солҳои навадуми Тоҷикистон мавҷи эътирозҳо мардумро ба гурӯҳҳои ҷонибдору мухолиф ҷудо кардааст, ҳатто шикастани ҳайкалҳои Ленин дар Украина кандани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе дар тирамоҳи соли 1991-ро ба ёд меорад.

Раисҷумҳури Украина низ мисли раҳбари вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар тирамоҳи соли 1992 бо зӯрӣ аз раҳбарӣ берун карда шуд ва Виктор Янукович ҳам ҳарфҳои Раҳмон Набиев, раисҷумҳури зӯран барканоршудаи Тоҷикистонро такрор мекунад ва мегӯяд, «ман президенти қонуниам.» Раҳмон Набиев ҳам вақте зӯран барканораш карданд, мисли имрӯзи Янукович аз Душанбе ба зодгоҳаш – Хуҷанд – паноҳ бурда буд.

Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳаводиси Украина, яке аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ то андозае ба ҳодисаҳои солҳои 92-и Тоҷикистон шабоҳат дорад, аммо дар Тоҷикистон Русия ва Узбакистон дасти дароз доштанд ва нақши калидиро дар он ҳаводис иҷро карданд, аммо дар Украина дасти бегона таъсир надорад. Вай гуфт, «мо шоҳиди он ҳастем, ки Фронти халқӣ маҳз бо пуштибонии Русия ва Узбакистон сохти ба ном конститутсиониро дар Тоҷикистон барқарор кард. Аммо ин ҳолат дар Украина фарқ мекунад. Русия дар Украина чандон дасти дароз надошт, ба ҷуз маслиҳату машварат ва кӯмакҳои иқтисодӣ.»

Шабоҳатҳои Украинаи соли 2014 бо Тоҷикистони соли 1992
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Ҷаноби Ҳайит бо таъкид ба он ки порлумони Украина ҳама масъалаҳоро, бо шумули барканории Янукович ва баргузории интихоботи президентӣ ҳал кард, мегӯяд, фикр намекунад, Янукович дигар дар минтақаҳои ҷанубу шарқӣ кореро анҷом дода тавонад, чун мардум дигар ӯро пуштбонӣ намекунанд ва ҳатто ҷонибдоронаш аз ӯ дилсард шуданд.

Раҳмон Набиев
Раҳмон Набиев
Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, эътирозгарон ва ҷомеаи шаҳрвандии Украина ба ҳадафашон расиданд, аммо раисҷумҳур ва порлумонаш, ки бештари вакилонаш аз ҳизби ҳоким аст, натавонистанд дар давоми се моҳи эътирозҳо фикри мардумро ба назар гиранд.

Ҷаноби Ҳакимов ҳам ба шабоҳатҳое миёни ҳаводиси имрӯзии Украина ва соли 1992 дар Тоҷикистон ишора карда, ба як минтақаи Украина рафта, қазияи минбаъд сари қудрат монданро баррасӣ кардани Виктор Янукович ва бо Русия мувофиқа кардани тасмимҳояшро зикр мекунад, аммо сар задани ҷанги шаҳрвандиро дар ин кишвар аз эҳтимол дур медонад ва инро ба чанд омил рабт медиҳад: «Дар Украина омили исломӣ вуҷуд надорад , мавқеи ҷуғрофии Украина дигар аст ва сатҳи фарҳанги сиёсии он миллат хеле болост».

Ҳамзамон ба андешаи Шокирҷон Ҳакимов, ҳоло кишварҳои бузурге ба мисли Олмону Фаронса ва Амрико вазъро зери назар гирифтаанд ва барои сар шудани ҷанг имкон нахоҳанд дод. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳарчанд баъзе раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ талош доранд, ба ин раванд халал расонанд, чунки манфиатдор нестанд, ки дар қаламрави ИДМ боз як низоми демократӣ ва озод пайдо шавад ва ба рӯҳияи равшанфикрони ин минтақаҳо таъсир мерасонад.

Холиқбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дахолати Тоҷикистонро ба масолии дохилии Украина салоҳ намедонад ва мегӯяд, тақдири минбаъдаи Украина тибқи хостаҳои мардумаш сурат хоҳад гирифт: «Ҳар чизе миллат хост, ҳамон мешавад, ин кори дохилии Украина аст».

Оши оштӣ дар Хуҷанд. Ноябри соли 1992
Оши оштӣ дар Хуҷанд. Ноябри соли 1992
Коршиносон натиҷаи эътирозҳои ҷомеаи шаҳвандии Украинаро инқилоби мардумӣ ва пирӯзии мардум унвон карда, мегӯянд, онҳо ба ҳадафи худ расиданд ва барои ҷорӣ кардани ислоҳот ва арзишҳои демократӣ дар ҷомеа замина фароҳам оварданд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, мегӯяд, мардум натавонист ба он тарзе, ки ҳокимияти ришвахор раҳбарӣ мекард, муросо кунад ва пирӯз омад: «Ҳарчанд гуфтугузор зиёд аст, ки ин ҳама аз ҷониби қудратгузорони ғарбӣ маблағгузорӣ мешуд. Аммо агар ҷони мардум ба лаб намерасид, ин қадар пофишорӣ намекард.»

Янукович
Янукович
Коршиносон бо назардошти ҳаводисе, ки дар Украина сурат гирифт, таъкид мекунанд, ки ин қазия барои кишварҳое, мисли Русия, Белорусия, Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки демократияи воқеӣ надоранд ва ба мушкилоте, чун фасоду хешуошнобозӣ ғӯтидаанд, бояд дарси ибрат бошад. Онҳо мегӯянд, низомҳои худкома, ки ҳокимонашон ва атрофиёни онҳо барои худ як зиндагии шоҳона сохтаву ба мушкилоти мардуми оддӣ аз паси панҷа нигоҳ мекунанд, бояд ба сарнавишти Янукович ҳам бияндешанд, ки мисли онҳо ин ҳам дар пайи сохтани як низоми худкома буд, вале дар натиҷаи се моҳи эътирозҳои мардум аз арш ба фарш уфтод.
XS
SM
MD
LG